Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 155 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 155 аз 499 · 2 ноябри 2026

“-Менты ни кенты,” - гӯён Ҷамила ба курсӣ нишаст. Чун соҳибхона аз ихтиёран баргардонидани “туҳфаи” гирифтааш саркашӣ намуд, мо дар асоси Қарори дар дастамон буда дар манзили ў кофтуков гузаронидем ва ба протоколи тартибдодаамон ба ҷуз видеокамераи тамғаи “Сони” боз ҳуҷҷатҳо, касетаҳои сабти овоз ва ҳар он чӣ ки маъмурзан барои шантаж тайёр намуда буд, ёфта гирифта, ҳамроҳ намудем. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки мо аксҳои маҳрамонаи Наргиси Зиёдулло ва Солеҳ Қамарро низ дарёфтем...
...22...
Воҳид Камол ба протоколи гирифтани далелҳои шайъӣ ҳангоми кофтукови манзили Ҷамилаи Худоёр шинос шуда, ба муфаттиши прокуратура занг зада, ўро ба таври мухтасар аз амали зердастони хеш огоҳ сохта, хоҳиши ба таври расмӣ пурсидан ва боздошти маъмурзанро намуд.
-Майлаш, ман интизор мешавам, - гӯён мусоҳиби дар тарафи дигари сим буда ба муколаммаи минбаъда нуқта гузошт.
-Рафиқ лейтенанти калон, вайро то ба назди муфаттиши прокуратура гусел намоед, - ба тарафи Ҷомии Шариф нигариста гуфт сарвари милиса.
-Итоат, рафиқ полковник, рухсат диҳед...
-Шумо, рафиқ майор, боз каме сабр намоед, - гӯён Воҳид Камол тамоку даргиронида, ба курсӣ такя намуда гуфт: - Хуб аст, ки шумо дил ба ин зормонда (ў ба тамокуи дар байни ангуштонаш буда ишора намуд) надодед, ман бошам то тамоку накашам, фикрҳоямро дар як нуқта гирд оварда наметавонам.
-Наход илоҷи тарки ин одат набошад?
-Хеле, кӯшидам, вале нашуд, сӣ сол боз ману ин зормонда “дӯстони” қаринем ва дигар риштаи ин “дӯсти”-ро буридан ба гумон. Ҳа, дарвоқеъ, дар назди зердастатон камбудиҳои шуморо нагуфтам ва барои ҳамин шуморо боздоштам.
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ полковник.
-Ман ҳайронам, ки чаро шумо дар ҷояш пурсиши расмии Ҷамилаи Худоёрро анҷом надодед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан