Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 154 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 154 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ман ҳатто аз ин пешниҳоди шогирд, ки характери рамзӣ дошт, хурсанд шудам ва барои шубҳаеро дар замири Ҷамилаи Худоёр бедор накардан гуфтам чӣ илоҷ ҳама ҷавонҳои ин замона мисли худат танпарастанд ва дигар ба ў нимнигоҳе ҳам накарда аз зинаҳо ба боло ҳаракат намудам.
Маъмурзан ҳам паҳлуям рост шуд ва мо ҳарду ба ошёнаи сеюм баромада, назди дари ҳуҷраи рақами сию се таваққуф намудем. Ҷамила дарро кушода бандаро ба даромадан таклиф намуд.
-Беҳтараш ман шуморо дар ҳамин ҷо интизор шавам, метарсам, ки Эшонбобо ногаҳон пайдо шаваду ману шуморо дар ҳуҷра бо ҳам бубинад.
-Ихтиёр шуморост, - гӯён Ҷамила вориди манзили истиқоматиаш шуд. Дар ҳамин асно Ҷомии Шариф ҳамроҳи ду нафар ба ошёнаи сеюм баромаданд ва шогирд бо ишорае ба ман фаҳмонд, ки нафарони ҳамроҳаш ташрифоварда аз асли воқеа огоҳанд ва баҳри дар амалиёт чун шахси холис иштирок намудан розигӣ доданд.
Ман аз рўӣ қоида ба дари ҳуҷрае, ки дар рў ба рўяш соҳибхонаро интизори доштам, ангушт зада, гулӯ рўшан намудам: - Ҷамилабону...
-Ман ҳозир, - овоз баланд кард соҳибхона, вале мо дигар мунтазир нашуда дарро кушодем...
-Худаш чӣ гап?
-Шаҳрванд Ҷамилаи Худоёр, ана шинос шавед, - гӯён ман дар давоми ним соати охир бори дуюм “ Қарорро дар бораи кофтукови манзили истикоматӣ” ба дасташ додам.
-О мо маслиҳат намуда будем, - бо рангу рўи канда гуфт ҷавонзан.
-Кори хона ба бозор рост намеояд ва акнун шумо бояд дар шоҳидии ҳамин ду шахси холис (ман бо ангуштам ба тарафи он ду нафаре, ки ҳамроҳи лейтенанти калони милиса омада буданд, ишора намудам) ба мо он “туҳфаи” аз Наргиси Зиёдулло гирифтаатонро бароварда диҳед. Ҳамчунин, мо талаб мекунем, чӣ тавр ва ба кадом хотир соҳиби чунин “туҳфа” шуданатонро низ шарҳу эзоҳ медодед!

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан