Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 153 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 153 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Акнун мурғи озодед?
-Не, албатта.
-Нафаҳмидам.
-Нафаре аллакай дасти маро пурсид.
-Гумон мекунам вай ҳатто дар замони дар қайди никоҳ буданатон ба шумо чашм ало намуда будааст.
-Не, вале чун вай дар ин ҷо кор мекунад, аз ҷудошавии мо хабардор шуда, чун фарди мусулмон дастамро пурсид.
-Чӣ ўро зану фарзанд нест?
-Ў зан ва ду фарзанд дорад ва маро бо никоҳи мусулмонӣ...
-Эшонро чӣ номест?
-Эшон.
-Маълум, ки ба ҷуз илмҳои дунявӣ аз илмҳои динӣ ҳам бохабар аст...
-Номаш Хусрав аст, вале чун авлодашон эшонзодаанд, ҳама ўро эшон мегӯянд.
-Вай чандсола?
-Сию дусола.
-Агар хато накунам, шумо ҳамсари дуюми вай мешавед, ё ў аз ҳамсари кунуниаш ҷудо мешавад?
-Не, ҷудо намешавад ва мо бо никоҳи мусулмонӣ...
-Ўро чӣ шуғлест?
-Сантехник
-Хайр ҳар чӣ ҳам бошад, албатта, даромади молиявиаш хуб будагист, вагарна дар чунин шароити вазнин ду зан гирифтан осон нест.
-Онҳо бою ба давлатанд, акаи калониаш се зан дорад...
-Беҳтар мешуд, ки мо он “туҳфаи” шуморо гирифта мерафтем.
-Зид нестам, чунки ним соат пас Эшон ҳам меояд ва маро ҳамроҳи шумо бинад, хуб намешавад.
-Рақами кулбаатон?
-Сию се.
-Рафиқ майор, то омадани шумо ман ҳамин ҷо мунтазир шавам чӣ? Охир “туҳфа” вазнин нест, ки онро шумо оварда натавонед, - бо дасти чапаш мӯи сарашро шона намуда истода гуфт Ҷомии Шариф.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан