-Агар онро ман худам рафта биёрам - чӣ?
-Метарсем, ки ба ҷой “туҳфа” чанд милисаро гирифта наоред.
-Ман ҳайронам, ки бо чунин дилу гурда чӣ хел шуморо ба кор қабул намуданд?
-Бовар намоед ин аввалин “туҳфа”-е мешавад, ки мо майл ба гирифтанаш намудем. Чун ҳама корҳо ба хубӣ анҷом ёбанд, албатта, мо ҳам минбаъд аз ин “таҷриба”-и рўзгор баҳра хоҳем бардошт.
-Майлаш ман “туҳфа”-ро ба шумо медиҳам, вале бояд қавл диҳед, ки роҳи ин ҷойро фаромуш месозед.
-Моро ба ҷуз ин чорае намемонад.
-Набошад рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба кулбаи ман.
-Роҳ то он ҷо дур аст?
-Мо аз дохили ҳамин бино берун намешавем.
-Яъне...
-Дуруст фаҳмидед, ман дар яке аз ҳуҷраҳои ҳамин бино иқомат дорам.
-Ин ҷо манзили зисти аслиатон аст?
-Не, албатта, вале он чиро, ки шумо гирифтан мехоҳед, дар ҳамин биност.
-Дар аввали суҳбат гуфтед, ки шаби 26 ба 27 апрел ба хона рафта будед ва дар оғози субҳ ба хотири гусели Рустам ва Зуҳро ба ин ҷо омадед, ҳоло бошад, мегӯед дар ҳамин ҷо зиндагӣ доред.
-Ман асли воқеаро гуфтам, чунки он вақт дар манзили шавҳарам зиндагӣ доштам ва рўзи сеюми май аз шавҳарам расман ҷудо шудам. Роҳбарияти осоишгоҳ бароям дар ҳамин бино як ҳуҷра ҷудо кард.
-Аз ин бармеояд, ки роҳбарият хизматҳои шуморо қадр мекунад?
-Ба фикрам, ҳамин хел.
-Пас чаро дар суд ҳиссаи хешро аз он манзили умумие, ки то он замон зиндагӣ доштед, талаб накардед?
-Чунки мо ҳарду ҳам иҷоранишин будем ва чун ҷудо шудем, ягон даъвои молумулкӣ нашуд. Баъди се-чор рўз собиқ шавҳарам чун муҳоҷири меҳнатӣ ба Руссия рафт, ман бошам ҷои гарми хешро хунук кардан нахостам.





