Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 151 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 151 аз 499 · 2 ноябри 2026

Маҳз ҳамин як ҷумлаи ба забон овардаи Ҷомии Шариф сабаб шуд ва мо ду соат пас ба роҳ баромадем, вале тай ин муддат тавонистем қарорро оиди гузаронидани кофтуков дар манзили Ҷамилаи Худоёр бо худ бигирем.
-Хуш, монеаҳо бартараф шуд, - пурсид лейтенанти калони милиса.
-Охир ман гуноҳе надорам.
-Агар чунин аст, пас чӣ ҷои ташвиш ҷавонзанро ором намуданӣ шуд Ҷомии Шариф.
-Ҳақу ҳамсояҳо, ёру дўстон чӣ мегӯянд! - қариб бо овози нимшунаво моро ба ҳамдилӣ даъват намуд мусоҳибамон.
-Ҳамааш ба худи шумо вобаста.
-Ба ман?
-Бале ба шумо.
-Хуш бо кадом маблағ метавонед маро аз ин варта берун оред?
-Чӣ моро ба гирифтани пора даъват мекунед?
-Аз даҳонатон шамол барад, чӣ хел пора, ман танҳо мехоҳам ҳаққи хизмати шуморо пардохт намоям.
-Дар он сурат дигаре ба манзили мо бо санксияи прокурор барои гузаронидани кофтуков ташриф хоҳад овард.
-Ин амал байни ҳар сеямон мемонад ва касе хабар нахоҳад шуд.
-Зуҳрою Рустам ҳам байни чор девори бетонӣ аз чашми бад худро ҳифз намудан хостанд, вале рози ниҳонашон ошкор шуд.
-Кўр як бор асояшро гум мекунад ва наход ба ман бовар накунед?
-Танҳо як шарт.
-Бифармоянд.
-Ҳамон туҳфаи Наргисро ба мо мебахшед.
-Вай дар ин ҷо нест.
-Боке нест якҷоя меравему онро мегирем.
-Агар ман занг занам, ки онро гирифта биёранд - чӣ?
-Дар он сурат аз ин асрори ниҳон боз як нафари дигар ҳам огоҳӣ меёбад ва мо наметавонем дар шоҳиди нафаре “ туҳфаи” шуморо қабул намоем. Не, беҳтараш ҳарчӣ буду мешавад, байни ҳар сеямон монад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан