Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 150 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 150 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чӣ фарқ дорад?
-Наход милиса шуда нафаҳмед, ки чунин амал аз тарафи шумо дахолатнопазири ба манзили шахс мешавад.
-Дар қонун боз як қатор ҳолатҳое ҳаст, ки барои гузаронидани кофтуков дар манзили шаҳрвандон “розигии прокурор” ҳатмӣ нест, вале мақомоти ба кофтуков даст зада бояд дар давоми 24 соат аз ин амали хеш ба таври расмӣ прокурорро огоҳ намоянд.
-Не, ман намегузорам, ки...
-Агар гуноҳе надошта бошед, чаро метарсед?
-Наметарсам, вале намегузорам касе ҳуқуқҳоямро поймол намояд.
-Кулӯхандозро подош санг аст.
-Ин сухани шуморо чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Ҳар ки ба қадри сухан аз рўйи фаҳмиши хеш мерасад ва мо низ шарҳу эзоҳи ин ҷумлаи маъмулро ба зиммаи шумо ҳавола мекунем, - гӯён ман аз ҷузвдони бо худ овардаам қарорро оиди гузаронидани кофтуков дар манзили Ҷамилаи Худоёр, ки дар гӯшаи он сарназоратчии қонун бо имзо ва муҳр розигиашро дода буд берун овардам...
-Агар ҳама монеа аз рўӣ ҳамин коғаз бошад, пас метавонед аз сару бар онро қироат намоед, - гӯён ман қарор оиди гузаронидани кофтуковро ба дасти мусоҳибам додам.
Дар замоне, ки мусоҳиби банда ба қарори дар дасташ буда шинос мешуд, ман бори дигар сари гуфтаҳои субҳгоҳии Ҷомии Шариф андеша намудам...
Ҳанӯз чашми рўз накафида ман ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ занг зада, хабар додам, ки ба роҳ мебароем.
-Муфаттишро ҳам мебарем?
-Ман ҷавоби инкор додам.
-Пас чӣ тавр бе қарор, бе розигии прокурор мо метавонем дар манзили Ҷамилаи Худоёр кофтуков гузаронем?
-Шумо худ ҳам медонед, ки дар ҳолатҳои истисно қонун барои гузаронидани кофтуков бе розигии прокурор рухсат медиҳад...
-Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан