Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 149 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 149 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Шояд ягон шиносатон доштагист?
-Ба гумон аст.
-Пас маълум мешавад, ки шумо ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳед.
-Мехоҳам ба шумо ёрӣ диҳам, вале камера набошад, ман онро аз куҷо дарёбам.
-“Ба умеди чоруқи анбунӣ, пота дар хор намунӣ” гуфтагӣ барин мо ҳам ба умеди камераи шумо шуда дар нимароҳ мондем.
-Нафаҳмидам, чӣ хел ба умеди камераи ман?
-Охир Наргис моро бовар кунонид, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш баҳри шумо як видеокамера “ туҳфа “ намудааст ва ба умеди камераи “туҳфагирифтаи” шумо шуда мо худ овардани камераро аз хотир баровардем.
-Кадом Наргис, шумо чиҳо мегӯед?
-Наргиси Зиёдулло.
-Намешиносам.
-Ин ҳамон нафарест, ки тариқи аксҳои бадномкунанда ва сабти овози рақибонаш шумо ўро маликаи қасри Солеҳ Қамар намудан хостед.
-Ин ҳамааш туҳмат аст.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки Солеҳ Қамарро ҳам намешиносед?
-Чаро гумон доред, ки ман бояд ҳамаро шиносам?
-Ҳамаро шинохтани шумо шарт нест, вале мо мутмаинем, онҳоеро, ки дар ҳаваси дарёфти муҳаббати муваққатӣ ба ин ҷо ташриф меоранд, нағз мешиносед.
-Андозаи суханони хешро нигоҳ доред, вагарна ба каломи нохуш посух ҳам нохуш хоҳад буд.
-Мо то кунун аз доираи қонун берун сухан нагуфтаем, вале имконият намедиҳем, ки шумо низ каломе аз доираи одоб берун оваред!
-Мақсадатон чист?
-Дарёфти ҳақиқат ва агар худи ҳозир ба мо асли воқеаро нагӯед, моро ба ҷуз дар манзили истиқоматиатон кофтуков гузаронидан чораи дигаре намемонад.
-Кофтуков?
-Бале.
-Бе санксияи прокурор?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан