-Нагуфтед ва ё ба суханони банда боварӣ надоред?
-То ҳанўз баъзе ҳолатҳои кор барои мо норавшананд.
-Аз ман чӣ мехоҳед? - охир банда равшанидиҳандаи саҳнаи театр ё сирк набошам.
-Ҳақиқатро ва каломеро на беш аз он ва дар вазъе, ки шумо қарор доред, беҳтар мешуд киноягӯиро бас мекардед!
-Барои кадом гуноҳам?
-Хоҳиш мекунам фақат нагӯед, ки бегуноҳ ҳастед.
-Донистан мехоҳам барои кадом гуноҳам мавриди муҷозоти шумо қарор гирифтаам.
-Сараввал барои ширинкома гирифтанатон.
-Инро аввал собит намоед.
-Албатта, собит мекунем ва акнун бигӯед, ки шаби 26 ба
27 апрел Зуҳро ва Рустам дар куҷо буданд?
-Ман аллакай ба шумо гуфта будам, ки онҳо дар осоишгоҳ буданд.Он шаб ман соатҳои 22 ба хона рафта ва субҳи рўзи дигар соатҳои 06 ба осоишгоҳ омадам.
-Рафтану омадани шуморо ягон кас тасдиқ карда метавонад?
-Қаровули осоишгоҳ Назар Иброҳим. Он субҳ мо ҳарду якҷоя Зуҳро ва Рустамро гусел намудем.
-Мо метавонем бо Назар Иброҳим суҳбат намоем?
-Ягон мушкилоте нест, чунки шумо вайро аллакай дар назди дарвоза дидед.
-Вале моро мушкилоте пеш омада ва дар ин ҷода ба дастгирии бевоситаи шумо ниёз дорем.
-Ҳар чӣ аз дастамон ояд...
--Ташаккур.
-Хуш бифармоед.
-Тафтишот бар он назар аст, ки Зуҳро ва Рустам баъди ба хона рафтани шумо осоишгоҳро тарк намуда субҳи содиқ пеш аз ба кор омаданатон дубора вориди осоишгоҳ шуданд.
-Намедонам.
-Барои ҳамин ҳам мо мехоҳем пурсиши Назар Иброҳимро ба навор гирем, вале овардани видеокамераро аз хотир баровардем.
-Дар ин ҷода ман ба шумо ёрӣ дода наметавонам, чунки худ видеокамера надорам.





