Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 147 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 147 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Рафту ба сари вай ҳам ҳодисае биёяд ва ё аз тафтишот пинҳон шавад чӣ?
-Моро ба ҷуз таваккал намудан чорае нест. Ин ба ҳамон хотирест, ки мо аз бойгонии Ҷамилаи Худоёр чӣ маводҳоеро дармеёбем.
-Ба ҷуз нусхаи аксҳо ва сабти диктафонии овоз ба гумон аст ёфтани нишонаи дигаре аз “корнамоии” ин модагургҳо.
-Кӣ медонад? - гӯён Ҷомии Шариф дар сари чорроҳа ба ман худоҳофизӣ намуда, ба самти муқобил ҳаракат намуд...
Новобаста аз бедорхобиҳои ду шаби гузашта ва ҳама он кашмакашиҳои рўзи сипаришуда таъби ман болида буд. Ҳар чӣ буд ё набуд, вале тафтишот рахти маҷрои хешро дарёфт ва беҳтарин хотирот барои банда аз суҳбат бо Наргиси Зиёдулло ин каломи ба забон овардаи ў: “-Агар дар дунё се марди бузург бошад”... боқӣ монду монд.
-Баъди шунидани чунин суханҳо ман хеле дар шигифт шудам, чунки се шабонарўз пештар бо Ҷаббор Маҳмуд бо марде, ки шояд дар давоми умри хеш ба касе бадиро раво надидааст, суханҳои пасту баланд гуфтам. Зиҳӣ инсоне, ки мардум дар нисбатат чунин андешаҳои нек доранд...
Баъди ним соати дар кӯчаҳо танҳо қадам задан ман ба хона омадам. Далеру Абдумаҷид дар хоби ноз буданд. Наталья Василевна бистари гармашро тарк карда, ба истиқболам баромад ва маро аз пешдолон рост ба ошхона бурд.
-Далер гуфт, дадаҷонам сари субҳ омада буд ва агар омадӣ пас чаро Далерро нагузоштӣ, ки маро аз роҳ баргардонад? - шиква намуд ҳамсарам.
-Рафту бармегаштӣ, аз кор дер мемондӣ.
-Хайр чӣ, ин субҳ корро нисори қудуми ту ҷони ширин мекардам.
-Фаҳмо, - гӯён ман сари дастурхони густурдаи бонуи хона нишастам...
...21...
-Ман аллакай ҳамаашро гуфтам.
-На ҳамаашро.
-Гумон доред, ки дар вохӯрии аввала ман шуморо фиреб додам.
-Мо ин хел нагуфтем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан