-Чунки моро соати 1330 дақиқа ба прокуратураи шаҳрӣ даъват намудаанд, то он лаҳза бошад, ҳамагӣ ним соат вақт мондааст. Ин ҳамон миқдор вақтест, ки банда дар роҳ сарф мекунам.
Тайи ду-се дақиқаи дигар мо сари масъалаҳои ба миёномада ҳарф зада, ҳарду аз бинои прокуратура баромадем...
...20...
-Ҷосус не, модагург гӯед, - сухани бандаро ислоҳ намуда гуфт Воҳид Камол.
-Рафторҳои вай ба амали ҷосусҳо монанд, - сухани аввалаи хешро ҳимоя карданӣ шудам ман.
-Хайр бало ба пасаш, ҳарчи дилатон хоҳад гуфтан гиред, вале фардо ҳамон ҷосуси гуфтагиатон бояд ин ҷо бошад, ана дар ҳамин дафтари корӣ. Акнун аз пайи кор шавед!
-Рафиқ полковник, о посе аз шаб гузашт, наход то фардо субҳ имконияти интизор шудан набошад, - пурсид Ҷомии Шариф.
-Инро барои он гуфтам, ки мабодо шомили гурӯҳи фаврии тафтишотӣ набошед. Агар суханони Наргиси Зиёдулло рост бошанд, мо бояд вақтро, ки он довари аслии ҳама гуна ҳаракатҳои мост, аз даст надиҳем, - суханони шогирдро тақвият дода гуфтам, - кори шаб хандаи рўз...
-Майлаш ба хона равед ва аз сари субҳ аз пай овардани модагург шавед!
-Итоат! - гӯён мо аз дафтари кории сардори милиса берун шудем.
Чун аз бинои милиса баромадем, боди мулоиме сару рӯямонро палмосид ва ба қавле тамоми хастагиро аз вуҷуди мо берун кард. Дар осмони нилфом ситораҳо чашмак мезаданд ва мо дар кӯчаҳои камодами шаҳр хеле қадам задем... Дар хомӯшии шаб дар шоҳидии ситораҳои осмон ман ҳамроҳи шогирд дар атрофи амалиёти дар пеш истода хеле баҳс намудем. Нигоҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба рафти ҳодисаҳо бархилофи андешаҳои Воҳид Камол (ки мехост Парвина Қамарро боздошт намоем) арзёбӣ мешуд.
-То пурсиши расмии Ҷамилаи Худоёр мо набояд дар масофаи як фарсах роҳ ба Парвина Қамар наздик шавем.





