Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 145 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 145 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дар он дунё. Ё шумо ҳанўз хабар надоред, ки вай ба зери чархи автомашина монда ҷон ба ҷонофарин таслим карда.
-Манбаи ахбор кист?
-Сабоҳат ном дугонаам, занг зада аз ҳодисаи ба сари вай нокас омада хабар дод.
-Ба андешаи шумо кӣ ўро?
-Намедонам.
-Дар нисбати шумо Парвина Қамар аз марги вай хеле андӯҳгин аст.
-Ба кадом хотир ман аз марги вай мотам бигирам, хайр як хатое шуд шуд.
Муфаттиш боз ба якчанд суоли хеш посух гирифт ва Наргиси Зиёдулло ба протоколи пурсиш имзо гузошта, бо мо худоҳофизӣ намуд.
Баъди хомӯшии на чандон тӯлонӣ муфаттиш гулў рўшан намуда гуфт: -“Ин чӣ шӯрест, ки дар ин даври қамар мебинам.”
-Ором шавед, ҳамаи ин шӯру шар дар зери ин чархи гардун қатрае аз баҳр аст ва ҳарчанд он доғест дар пероҳани сафед, вале дар маҷмуъ баҳри бузургро олуда карда наметавонад.
-Ман аз он дар шигифтам, ки духтари мусулмон шарму ҳаёро пеши по зада, аз кирдорҳои нопоки хеш беибо сухан мегӯяд.
-Вазнинии кори мо дар он аст, ки бояд суханронии чунин афродро гўш намоем.
-Шумо ба суханони вай бовар намудед?
-Аз дурўғ гуфтан ба вай чӣ суд, аз ин рў моро лозим меояд, ки дар атрофи суханони шунидаамон кор барем. Танҳо санҷиши мукаммал метавонад ҳақиқатро рўӣ об барорад.
-Чӣ илоҷ, санҷиш бошад санҷиш. Акнун, рафиқ майор, мегуфтед, ки кадом самти корро шумо ба душ мегиред ва кадом тарафашро ба зиммаи банда во мегузоред?
-Сари ин мавзӯъ андеша бояд кард, вале чун вақти наҳории пешин шудааст фикре ба сарам наомада истодааст.
-Бубахшед, ки шуморо дар ин маъракаи муҳим ҳамроҳи карда наметавонам.
-Чаро?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан