Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 144 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 144 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар байни роҳ ман коғазпечро ба вай додам ва пас гашта ба офис омадам
-Ному насабаш?
-Намедонам.
-Пас чӣ тавр ба шахси ношинос шумо “туҳфа”-еро, ки чунин нархи гарон дорад, бовар кардед?
-Ҳамаи инро сабаб он буд, ки вай аз автомашинаи ҳоҷӣ Малик берун омад ва боз Ҷамила ҳам аз рўӣ эҳтиёт акси ўро ба ман нишон дода буд.
-Рафту агар Штирлетс ва ё Ҷемс Бонд ҳаракатҳои ҷосусонаи шуморо медиданд, кулоҳ аз сар мегирифтанд.
-Ман ҳама корро дар асоси дастури маъмури осоишгоҳ Ҷамила ба ҷо овардам.
-Он рўз шумо чун заргар кори хешро иҷро намудед.
-Чӣ шумо аз қафои ман назорат мебурдед?
-Не, вале чашм дарёст ва банда беихтиёр шоҳиди он додугирифти шумо шудам.
-Кам не, ғам не, ман бистучор шабонарўз дар осоишгоҳ будам ва аз Ҷамила бисёр чизҳоро омӯхтам
-Аз Ҷаббор Маҳмуд чӣ?
-Афсӯс, ки насиҳатҳои падаронаи вай аз як гӯшам даромада, аз дигараш мисли бод баромада рафтанд.
-Аз ин бармеояд, ки андешаҳоятон дар нисбати роҳбари корхона мусбист?
-Дар дунё агар се марди бузург бошад, як нафараш Ҷаббор Маҳмуд аст ва агар ду тан бошад, як нафараш ўст ва агар як нафар бошад, пас он мард худи ўст...
-Пас чаро Усмон Башир ҳамроҳи чунин марди бузург кор кардан нахост?
-Ҳарчанд Ҷаббор Маҳмуд аз рўӣ вай худозада озор дид, вале кори ўро қадр мекард. Ба фикрам, баъди ҳодисаи ба сари ман овардааш ў ба рўӣ шеф нигоҳ карда натавонист.
-Чаро?
-Чунки шеф маро чун фарзандонаш дўст медошт ва шояд ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки рўзе ин фарзанди гесубуридааш ў ва падару модарашро назди хосу ом шарманда месозад.
-Ҳоло Усмон Башир дар куҷост?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан