-Маблағи ширинкома?
-Як видиокамера.
-Он чӣ арзише дошт?
-Онро бароям туҳфа оварда буданд, айнан фурӯхтани чунин видиокамераро дар бозор бо нархи якуним ҳазор доллар дидам.
-Якуним ҳазор долларро ба нафаре бахшидед, ки ба шумо танҳо зарар овард ё гапам нодуруст?
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост.
-Суханони шуморо чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Модоме Ҷамила аз болои Парвина Қамар мавод тайёр карда тавонист, пас куҷост кафолат, ки вай оиди “корнамоиҳои” банда бо Солеҳ Қамар чораҷўӣ накарда бошад?
-Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфта, тариқи ширинкома пешакӣ забонашро бастанӣ шудед?
-Роҳи дигареро надидам ва бояд гуфт, ки ман дар он камера як дирам ҳам сарф накарда будам.
-Яъне, бод овардаро боз ба ихтиёри бод вогузоштед?
-Ҳамааш ҳамин хел.
-Тамғаи видеокамера?
-“Сони.”
-Оё боре андеша накардед, ки иштиҳо дар вақти хӯрдан қозгир мешавад?
-Вақте об аз сар гузашт, дигар чӣ ҷойи андеша.
-Он рўзе банда дар офис ҳамроҳатон суҳбат доштам ва ҳоҷӣ Малик омада, аз шумо хоҳиш намуд, ки ба Ҷаббор Маҳмуд саломи вайро расонед, шуморо аз рўйи варианти дуюми ба нақшагирифтаи Ҷамила огоҳ намуд, то қоғазпечро гирифта, рўӣ роҳи калон бароед, ҳамин хел?
-Дуруст.
-Баъд чӣ шуд?
-Чун шумо аз офис баромадед, ман он коғазпечро гирифта, рўӣ роҳи калон баромада ба вай занг задам ва чанд дақиқа пас нафаре аз автомашинаи вай баромада дасташро алвонҷ дод ва ман низ бо чунин ишора ба ў аз будани хеш хабар додам ва мо аз ду самт ба истиқболи якдигар қадам задем.





