-Чӣ тавр он маводҳоро ў ба даст меорад?
-Намедонам.
-Аз куҷо ў фаҳмид, ки Парвина ба шавҳараш хиёнат намуда истодааст?
-Намедонам, вале Ҷамила маро бовар кунонид, ки бо он маводҳои дар дасташ буда метавонад маро чун малика ба он қаср барад.
-Шумо бошад бовар намудед?
-Ман он маводҳоро худам дидам ва итминони комил доштам, ки акнун бонуи он қаср мешавам.
-Ҳар чӣ мо хостем на он мешавад.
-Аз ин бармеояд, ки розигии Худо набудааст.
-Он маводҳои фошкунандаро бо чи қимате ба даст овардед ё Ҷамила чун шиноси дерина онҳоро аз рўӣ ҳамдилӣ бароятон дастрас намуд?
-Ҷамила як сухани маъмуле дорад.
-Бифармоянд.
“-Бе пул суханат асар надорад”...
-Акнун ба ёд овардам, - қариб дар куҷо буданамро аз хотир бароварда бо овози шунаво гуфтам ман.
-Тинҷӣ ҳаст? - пурсид муфаттиш.
-Ба ёд овардам.
-Чиро?
-Агар зид набошед, ба Наргис суоле диҳам.
-Марҳамат.
-Мегуфтед, ки ҳоҷӣ Малик кист?
-Вай дар ҳамон осоишгоҳ ронанда аст.
-Пайдошавии ногаҳонии вайро дар офис чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ҷамила гуфта буд, чун нафаре бо номи ҳоҷӣ Малик ба суроғи банда омад, бояд ширинкомаи тайёр намудаамро ба вай диҳам ва рафту вай номи шефро (Ҷаббор Маҳмуд дар назар аст) ба забон овард, бояд ширинкомаро гирифта, рўӣ роҳи калон бароям ва чун аз автомашинаи вай касе берун шуду ба самти ман омад, ширинкомаи коғазпеч намудаамро ба вай диҳам.
-Аз автомашинаи кӣ?
-Аз автомашинаи ҳоҷӣ Малик.





