Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 141 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 141 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Сареву савдое, - гӯён Фурўғи Шариф аз чойники дар болои миз буда чой рехта ба тарафи ман дароз намуд.
Чун гулӯ тар намудам, ҷисмам мисли кабӯтари аз дом раҳида майли парвоз кард. Андешаҳои зиёде дар майнаам ба шӯр омада дилу бедилон мавҷи хаёлотам дар парвоз шуд...
Ҳар он чӣ ки Наргиси Зиёдулло гуфт, ба ақл рост намеомад, вале то андозае ў асли воқеаро гуфт. Бо ҳама таҷрибаи андӯхтаи хеш дар милиса дар нисбати Наргиси Зиёдулло ва маъмури осоишгоҳ Ҷамилаи Худоёр мо ҳанўз хом будему хом, ҳол он ки чанд рўз пештар муфаттиши прокуратура мақоли русиеро, ки матлабаш “намуди зоҳири ҳамеша фиребдиҳанда аст” ба самъи банда расонида буд. Дар чунин синну сол ҳатто ақли кас намегирад, ки духтари мусулмон ба чунин як амали зиште даст зада бошад.
“Баъди андешаҳои зиёде, соате пас ман ба дари кулбаи вай ангушт задам,”- гуфтани мусоҳиби дар рў ба рўям нишаста, ки аз фурсати муносиб истифода бурда ғарқи андешаҳои “рангини” хеш буд маро ором нагузошт, ки нагузошт...
Ба фикрам, вазъи муфаттиш ҳам баъди шунидани саргузашти Наргис аз ҳоли ман беҳтар набуд.
Гирдоби андешаҳо маро боз ба осоишгоҳе бурд, ки Наргису Ҷамила замоне як ҷо буда. Чун Наргис дар рў ба рўям ғарқи андешаҳои хеш буд, ман вохӯрии худро бо маъмури осоишгоҳ, ки намуди зоҳириаш хонандаи мактаби миёнаро мемонд, ба ёд овардам.
“Ҳама чизро дар ин замона пул ҳал мекунад.
-Рафту ҷайби банда холӣ бошад?
-Бе пул суханат асар надорад.
Ҳатто баъди нишон додани шаҳодатномаи хизматиам Ҷамилаи Худоёр лаҳзае худро гум накард ва тарзе сухан гуфт, ки ман худам даступо хӯрдам. Дар ҳамон лаҳзаҳо ман ўро чун гурги борондида арзёбӣ намуда будам, вале афсӯс сари ҳамин андешаи хеш дурусттар фикр накрдам.
-Пас чӣ тавр шуд, ки Ҷамила ҳамсари Солеҳ Қамарро дида ўро шинохт.
-Гумон мекунам, ки Ҷамила дар нисбати ҳар фарде, ки муҳаббатро аз канор меҷӯяд, мавод дорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан