-Вале ў марди сарватмандест ва боз соҳиби қасри кошӣ ё барои худат ҷавони сарлучу почаканда беҳтар. Агар ҳамин лаҳза чорае наандешӣ, соате пас дер хоҳад шуд, - гӯён Ҷамила аз ман ҷудо шуда, вориди майдончаи рақс шуд. Ман муддате лолу ҳайрон мондам ва сари гуфтаҳои маъмур андеша намудам. Мусиқӣ тамом шуд ва нафарони дар майдонча буда интизори мусиқии навбатӣ шуданд. Ниҳоят аз баландгӯяк эълон намуданд: - “Дамы приглащають кавалеров...” Гўё қуввае аз ғайб бандаро тела дод ва ман чӣ тавр дар рў ба рўӣ он мард қарор гирифтанамро нафаҳмидам. Сипас аз рўйи қоидаҳои рақси русӣ бо нимтаъзиме вайро ба рақс даъват намудам ва эшон низ таклифи маро пазируфт. Он шаб ў боз чор маротибаи дигар маро ба майдончаи рақс даъват намуд ва дар зери ҳавои мусиқиҳои омехта мо ба ҳам ҷафс шуда хеле чархидему чархидем. Посе аз шаб гузашту ҳадиси мо низ поён ёфт ва мо чун шиносҳои дерина ба ҳамдигар хоби хуш орзу намуда, аз ҳам ҷудо шудем. Тамоми шаб банда дар атрофи суханони Ҷамила ва марде, ки ҳангоми рақс манро фаришта гуфт андеша намудам. Рўзи дигар мо дар саҳни осоишгоҳ рў ба рў омадем ва акнун чун шиноси дерина хеле суҳбат намудем. Бегоҳи боз ба майдончаи рақс рафтам ва бо ҳамон марде, ки синну солаш боиси баҳси ману Ҷамила гардида буд, хеле чархидам. Дар анҷоми маҳфил вай оҳиста ба ман гуфт: - Наргисбону, сарам ба осмон мерасид, агар ба кулбаи ман мерафтем ва сари як пиёла чой боз каме суҳбат мекардем.
-Ваъда намедиҳам, вале мекӯшам, - беихтиёр гуфтам ман.
“-Кӯшиш мекунам,” - гуфтани фаришта аз қавлу қасами мо заминиён мақоми бештаре дорад гуфт ў ва ёдрас шуд, ки дар кадом ҳуҷра иқомат дорад ва дигар ба қафояш нигоҳе накарда ба тарафи бино рафт.
Баъди андешаҳои зиёде соате пас ман ба дари ҳуҷраи вай ангушт задам...
-Аз бадбахтии дигаре бахт ҷустанӣ шудед?
-Ҳар ки подоши амали хеш мегирад ва шумо худ огоҳед, ки ман ўро аз зану фарзандонаш ҷудо накардам, фақат мехостам вайро аз нафаре ҷудо намоям, ки муҳаббаташро ба ду танга қадр накарда, бо ёрдамчиаш ишқварзӣ намуд.





