Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 139 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 139 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ман дар ин ҷода пиёдаам, - худро чун мусичаи безавол нишон доданӣ шуд нафаре, ки дар батнаш тифли Солеҳ Қамарро мепарварид.
-Бо ҳама ин содагии хеш шумо қодиред, ки ҳар мардеро ба соҳили дарё ташна бурда ташна баргардонед.
-Ин киноя аст?
-Не, ҳақиқат. Акнун мегуфтед, ки сабабгори шиносоии шумо бо Солеҳ Қамар дар осоишгоҳ кӣ шуд?
-Ҷузъиёти он вохӯрӣ то кунун дар ёди ман ҳаст, вале намефаҳмам, ки он ба тафтишот чӣ алоқае дошта бошад.
-Шумо дафтари хотираҳои сабзатонро варақгардон намоед ва мо низ ба ягон хулосае меоем.
...Рўзи аввали ба осоишгоҳ рафтан ситораи ман бо маъмури он Ҷамила рост омад. Он рўз ва рўзи дигараш ман қариб саргузашти хешро бо вай арзонӣ доштам. Ҷамила хеле афсус хӯрд, ки банда аз бетаҷрибагӣ ба чунин хато роҳ додам.
Ў бандаро бовар кунонид, ки дар ҳолате ман қарор дорам, орзуи шахси то кунун никоҳ надидаро ба сар овардан хатост ва хуб мешуд ман бо марди солоре, ки аз таҷрибаи рўзгор баҳра гирифта ва аз ҷиҳати иқтисодӣ камбудие надорад, чашм ало мекардам. “Рафту он кас ҳамсар дошта бошад чӣ,”- пурсидам ман.
-Зиндагӣ ин мубориза аст ва ба хотири он кӯшиш мебояду кӯшиш ва бо чунин ҳусну ҷамоли Худодод як талоше кифоя аст, ки ҳатто марди дар банди никоҳ буда ҳам ба хоки поят бӯса занад. Рафту ба дили мард пайкони муҳаббатро ҷо ба ҷо намуда тавонӣ, ў, албатта, дасти туро мепурсад ва чун зани дуюм ба никоҳаш медарорад. Он тарафаш дар дасти худи туст, ки вайро чӣ хел коркард мекунӣ...
-Баъд чӣ шуд? - пурсид муфаттиш.
-Шоми ҳамон рўз ман худро орою торо дода ба майдончаи рақс рафтам. Қариб ҳама дар ҳавои мусиқӣ рақс доштанд, ба ҷуз нафаре, ки дар гӯшае чун тамошобин танҳо нишаста. Аз куҷо бошад, ки дар ҳамон лаҳзаҳо Ҷамила омад ва ҳамон мардро ба ман нишон дода гуфт: - Ана вай чӣ хел?
-Гуфтам намебинед, ки вай ду умри бандаро ёд дорад ва пешниҳоди Ҷамиларо рад намудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан