-Ин ғайри имкон аст.
-Чаро?
-Чунин амал метавонад шуморо аз мақоми шоҳид то ба мақоми гумонбаршуда барад.
-Чӣ тавр ман метавонистам, падари тифли хешро ба қатл расонам?
-Шояд бо сабабе, ки вай нияти аз ҳамсараш ҷудо шудан надошт.
-Охир ман ба он кас ваъда додам, ки ҳаргиз ному насабашро ифшо нахоҳам кард.
-Агар вай ҳам мефаҳмид, ки амалҳои ҷосусонааш боиси марги нафаре мегардад, ҳаргиз ба шумо ёрӣ намедод. Аз ин рў, хоҳиш мекунам, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ накунед.
-Ўро Ҷамила ном аст.
-Насабаш?
-Намедонам.
-Ҷойи кораш?
-Маъмури осоишгоҳи “Оби Гарм”.
-Ўро аз куҷо мешиносед?
-Моҳи октябри соли гузашта ман дар ҳамон осоишгоҳ истироҳат доштам ва дар ҳамон ҷо бо Солеҳ Қамар шинос шудам.
-Ҳамсараш дар осоишгоҳ набуд?
-Не, он касро модараш бемор будааст ва шавҳарашро танҳо ба осоишгоҳ фиристода. Ин суханонро ман аз забони худи Солеҳ Қамар шунида будам, вале гумон мекунам ба осоишгоҳ нарафтани вайро сабаби дигаре ҳам будааст.
-Сабабашро гуфта наметавонед?
-Гумон мекунам ў ҳам аз фурсат истифода бурда, вақти хешро сарфи навозишҳои худозадаи Усмон Башир намуда.
-Худоё, ин чӣ асрорест, ки ҳамсарро фиреб дода, чун соя аз қафои дигаре мераванд, - гуфт муфаттиш.
-Асрори муҳаббат, - ба суҳбати ду бону ҳамроҳ шуда гуфтам ман.
-Андешаи шумо чӣ? - ба тарафи Наргис нигариста пурсид муфаттиш.





