Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 137 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 137 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Яъне, бо боварӣ гуфта метавонед, ки “туҳфа” ба дасти соҳибаш расида?
-Итминони комил дорам, ки маҳз ҳамон “туҳфа”-и гузоштаи банда боиси марги вай гашта.
-Чунин хулосабарориро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Гумон мекунам, ҳар нафаре, ки акси урёни нимаи дуюми хешро бо нафари дигар мебинад, пеш аз ҷудошавӣ ҳам бошад, албатта, шарҳу эзоҳи онро аз гунаҳкор талаб мекунад.
-Бояд гуфт, ки Парвина Қамар он шаб дар осоишгоҳи “Оби Гарм” буд ва дар бораи бегуноҳии хеш алибии мустаҳкаме дорад.
-Барои нафаре, ки ниятҳои нопок дорад, тайёр кардани алибӣ душворие надорад.
-Тарзе сухан мегӯед, ки гўё худ аз ин пайраҳа гузашта бошед.
-Гузаштаам.
-Яъне бо суханони дурўғ нафареро ҳимоя намудед?
-Дурўғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез.
-Мегуфтед, ки аз он дурўғи шумо ба ҷамъият чӣ нафъе расид?
-Оилае пойдор монд.
-Оилае, ки бунёдаш аз дурўғ сарчашма мегирад, дер ё зуд хазон хоҳад шуд.
-То омадани табар кунда меосояд ва кўр ҳам асояшро як бор гум мекунад.
-То ҷое, ки мо фаҳмидем, дар марги Солеҳ Қамар шумо аз ҳамсараш гумонбаред?
-Онҳо, албатта, ҷудо мешуданд, аз ҳамин рў танҳо вай дар марги шавҳар манфиатдор буд. Ин амалро ў худ анҷом дод ё тариқи дигаре онро амалӣ намуд, ман намедонам, вале ҳодиса бе дахолати бевоситаи вай рух надодааст.
-Далел?
-Онҳоро, бешубҳа қотил нест намудааст.
-Мо донистан мехоҳем, ки он маводҳои фошкунанда (аксҳо ва сабти овоз) -ро шумо чӣ тавр ва бо кадом роҳ дастрас намудед?
-Рафту ман ному насаби нафареро, ки тариқи вай маводҳоро ба даст овардаам, ошкор кардан нахоҳам чӣ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан