-Чунки аз рўӣ шунидам дар давоми се соли оянда ҳам ў нияти қомати мавзунашро вайрон кардан надошт.
-Сарчашмаи хабар кист ё худи Парвина Қамар бо худат рози дил намуд?
-Сарчашмаи хабар ҳамон марде. ки бо вай дар никоҳи расмӣ буд.
-Гумон намекунам, ки вай бе далелҳои кофӣ ба суханони шумо бовар намуда омада бошад.
-То ҷое ҳақ ба ҷониби шумост ва ман ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ ба вай фаҳмонидам, ки агар ба суханонам бовар, надорад, метавонам барояш аксҳои маҳрамона ва сабти овози ҳамсарашро низ пешниҳод намоям.
-Хуш канӣ он далелҳо?
-Он ҳамаро соате пеш аз фурудоии тайёра ман ба яке аз қуттиҳои хоначаи нигоҳдории боҷхонаи фурӯдгоҳ гузоштам.
-Чӣ шумо худ ба истиқболи Солеҳ Қамар нарафтед?
-Не.
-Сабаб?
-Баъди фурудоии тайёра ман ба вай занг зада, рақами қуттии боҷхонаро додам ва гуфтам, ки агар баъди ин ҳам вай нияти аз ҳамсари бевафояш ҷудо шудан надошта бошад, метавонад худи манро ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳад. Солеҳ ваъда дод, ки фардо субҳ занг мезанад ва андешаҳояшро баён мекунад.
-Баъд чӣ шуд?
-Дигар ў занг назад ва соатҳои 14-и рўзи 27 - уми апрел ман аз ҳодисаи ба сараш омада огоҳ шудам.
-Пас чаро баъди ҳодиса хомӯширо ихтиёр намудед?
-Чунки ҳама гуна ҳаракат дубора боиси бадномиам мешуд.
-Ба тифли дар батнатон буда чӣ мекунед?
-Ман нияти аз ў халос шудан надорам.
-Шумо гуфта метавонед, ки Солеҳ Қамар “туҳфаи” дар боҷхонаи автоматӣ гузоштаатонро гирифта буд?
-Чун субҳи 27 – уми апрел дар вақти таъиншуда Солеҳ занг назад, ман худам ба фурӯдгоҳ рафтам ва чун вориди боҷхонаи автоматӣ шудам, он хоначаро кушода дидам...





