-Мо донистан мехоҳем, бо “ёрии,” кӣ Солеҳ Қамар як шабонарўз пештар аз ҷангалзорҳои Сибир ба Ватан баргашт ва ин бозгашти ногаҳони чаро бо фоҷиа анҷомид, суоли се соат пештар додаи хешро бори дигар такрор намуда пурсидам ман.
-Албатта, то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
Солеҳ Қамар бояд соати 1835 дақиқаи рўзи 27 – уми апрел вориди Душанбешаҳр мешуд, вале ҳодисаи дар осоишгоҳи Оби Гарм будани ҳамсарашро шунида, субҳи рўзи 26 – уми апрел банда тариқи телефон ўро огоҳ намудам, то биёяду бо чашми хеш бубинад, ки ҳамсараш бо ёвараш чӣ айше дорад, вале агар мефаҳмидам, ки кор бо фоҷиа меанҷомад, асло ба чунин амал даст намезадам.
-Ба кадом хотир ба чунин як амали ношоиста даст задед?
- риштаи суханро ба даст гирифта гуфт муфаттиш.
-Чунки мехостам Солеҳ ҳамсарашро сари гуноҳ даст гирад ва аз ў ҷудо шавад.
-Аз ҷудо шудани онҳо ба шумо чӣ суд ?
-Чунки вориси вайро на Парвина, балки ман дар батнам нигоҳ дошта истодаам.
-Парвина Қамар дар никоҳи расмии вай буд ва бояд андеша мекардед, ки маҳз ба хотири вай ў аллакаи як маротиба аз ҳамсару фарзандонаш ҷудо шуда буд.
-Никоҳи расмӣ ё ғайрирасмӣ чӣ фарқ дорад, модоме ки Парвина ҳатто қадри никоҳи расмиро ҳам накард ва тайи ин муддат баҳри вай тифлеро ба дунё наовард, вале ман аз никоҳи ғайрирасмӣ ҳам бошад, барояш ворис меовардам...
-Парвина Қамар ҳам зан аст ва, аллбата, рўзе вай ҳам сари ин масъала андеша мекард.
-Пас чаро то кунун чунин андешаро ба сар наовард?
-Албатта, зиндагӣ пасту баландиҳо дорад ва мо наметавонем дар ин бора вайро муттаҳам созем.
-Зиндагӣ ин пеш аз ҳама мубориза аст ва дар ин бора ман ба Солеҳ ҳам гуфта будам.
-Чӣ гуфта будед?
-Ба вай гуфтам, ки дар батнам нишонаи умрашро дорам ва бояд ҳар чӣ тезтар ў аз он чӯби қоқаш ҷудо шавад.
-Чаро чӯби қоқ?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5Аз аввал хондан




