Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 134 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 134 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Албатта, меомадагист, - гӯён ман ба курсие нишастам.
-Соат даҳ шуд, вале то кунун аз вай хабаре нест.
-Ором шавед, ҳамин лаҳзаҳо расида меояд.
-Тариқи телефон ҳамин қадар фаҳмидам, ки шумо вайро напурсидед?
-Дуруст фаҳмидед.
-Магар имкони пурсиданаш набуд?
-Мо метавонистем овози вайро чун дафъаи гузашта ба диктофон сабт намоем, вале боз андеша намудем.
-Андеша?
-Ба вай имкон додем, то бори дигар дар кадом вазъият қарор доштанашро ба ёд биёрад.
-Аминам чунин илтифот форс - мажорро сари роҳамон намеорад.
-Андешаҳои ботилро аз сар дур созед!
Касе ба дар ангушт зад ва муфаттиш ба ҷои ба суханони ман посух гуфтан ба нафари дар пушти дар буда рухсати даромадан дод.
Баробари кушодани дар Наргис бандаро ҳамроҳи муфаттиш дида, каме тағофул намуд ва танҳо баъди ҳидояти дубораи муфаттиш пой бар остона гузошт.
Ҷавонзани шабгард ба курсие рў ба рўӣ ман нишаст. Дар замоне, ки муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш ҳуҷҷаттҳо ва асбобҳои сабти овозро бурун меовард, дар фазои дафтари кориаш як муҳити орому соките танинандоз гашт. Дар ҳамон лаҳзаҳо Наргисро чӣ андешае дар сар буд, ман намедонам, вале дар пиндори ҳамонлаҳзаинаи ман ў чун зани сабукпой намуд. Ин андеша ботил буд ё не, вале ман онро аз майнаам дур карда натавонистам ва агар муфаттиш гулў рўшан намуда сари мақсади аслӣ намеомад, кӣ медонад ин шӯру шар дар замири банда чӣ задухӯрдеро ба амал намеовард...
-Ному насаб?
-Наргиси Зиёдулло.
-Рўз, моҳ,сол ва ҷойи таваллуд?
-26 августи 198... шаҳри Душанбе.
-Рафиқ майор, оғози суҳбат аз шумо, - бандаро ҳушдор намуда гуфт муфаттиш.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан