Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 133 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 133 аз 499 · 2 ноябри 2026

...19...
-Рафту агар вай ба прокуратура наравад, чӣ? - баробари аз кулбаи ҷавонзани шабгард бурун омаданамон пурсид Ҷомии Шариф.
-Дар он сурат моро боз мудате бедорхобӣ дар пеш аст.
-Шояд дар ҳамин ҷо вайро мунтазир шуда якҷоя равем.
-Ду соат мунтазир шудан, не намешавад.
-Ҳоло ба куҷо меравем?
-Ба хона, аққалан тағйири либос намоем.
-Фикри олиҷаноб, - гӯён Ҷомии Шариф боз сари чанбараки автомашина нишаст ва баъди бист дақиқа маро сари роҳи калон дар маҳаллаи зистам фароварда худ ба самти шарқ рафт.
Дар даромадгоҳи бино бо Далер рў ба рў шудам, ки нияти ба мактаб рафтан дошт.
-Абдумаҷиду модарамро дидед, - баъди салом пурсид Далер.
-Не,чӣ буд?
-Очаҷонам Абдумаҷидро, ба боғча бурд, гумон намудам шумо аз самти истгоҳ омадед, барои ҳамин пурсидам.
-Не ман аз он тараф (банда бо ишораи даст самти ҳаракатамро нишон додам).
-Шояд рафта онҳоро ҷеғ занам?
-Дар он сурат модарат аз кор қафо мемонад.
-Фаҳмидам.
-Акнун ба мактаб рав, ман бошам тағйири либос намуда, соате пас ба кор меравам.
-То боздид, - гӯён Далер аз паҳлуи бино тоб хӯрда, ба самти мактаб рафт.
Ман бошам, вориди бино шуда, аз зинаҳо ба боло ҳаракат намудам...
Ҷисми хешро муддате ба зери об гирифта, ба қавле хастагии душабонарўзаро аз худ дур намудам. Баъди соате боз сари роҳ баромада, дар истгоҳи пеши бинои прокуратура аз нақлиёти шаҳрӣ фаромадам. Ҳангоми вориди бино шуданам чашмам ба ақрабаки соати калони деворӣ бархӯрд, ки он 0955 дақиқаро нишон медод.
-Канӣ вай? - баъди салому алейк пурсид муфаттиш.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан