Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 132 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 132 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бо ин суханатон чӣ гуфтан мехоҳед?
-Баҳри рўшанӣ андохтан ба ин муаммо мо маҷбур мешавем, ки шуморо ба милиса барем, он ҷо бошад бо шумо хола – хола карда намешинанд.
-Барои кадом гуноҳам?
-Сараввал барои ҳақиқатро рўйпўш намуданатон.
-Дуюм чӣ?
-Ба ин суолатон аз рўй дараҷаи гуноҳатон ҷавоб хоҳед гирифт.
-Тарзе сухан мегуед, ки гуё гуноҳи бандаро аллакай собит намудаед.
-То андозае мо дар кадом варта қарор доштани шуморо медонем.
-Модоме медонед, пас чаро вақтро беҳуда сарф намуда истодаед.
-Вақт худ довари амалҳои мост, аз ин рў, ҳарчи моро дар ниҳод аст, болои ин мизон аст.
-Пас аз рўйи вазн гуноҳи банда дар кадом палаи он қарор дорад?
-Аз рўи маълумоти то кунун доштаи мо дар палаи болояш.
-Яъне, гуноҳи банда сабук аст ё умуман онро гуноҳ гуфтан ҷоиз нест.
-Қариб ҳамин хел.
-Чаро қариб?
-Чунки мо кӯшиш намуда истодаем, то бегуноҳ будани шуморо собит намоем, вале худи шумо ба тақдиратон аз паси панҷа менигаред.
-Ҳисоб намоед, ки аз ҳамин лаҳза бо шумо ҳамақидаам.
-Пас мо ба суолҳои гузоштаи худ посух мехоҳем.
-Дар бозгашти нобаҳангоми Солеҳ Қамар аз Сибир ман гунаҳкорам.
-Амали хешро дар ин ҷода кушоданатон лозим меояд ё чӣ хеле мегӯянд, мо сари гуфтаҳои кунунии шумо ба шарҳу эзоҳ ниёз дорем.
-Чи илоҷ, вале бояд гӯям, ки ин таърихи дуру дарозест...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан