-Албатта, шахси дар акс бударо мешинохтам, чунки ў бо роҳбари корхонаи мо шиноси дерина буданд.
-Бо Ҷаббор Маҳмуд?
-Бале.
-Ин барои мо навигарӣ нест.
-Пас бигӯед чиро донистан мехоҳед?
-Мо донистан мехоҳем, муносибати шумо бо нафаре, ки аксашро дар даст доред, дар кадом поя қарор дошт.
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед?
-Рўзгори пурмоҷарои хешро пеши назар овардам.
-Хўш ба кадом хулоса омадед?
-“Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад.”
-Ба фикрам, эшон (ман бо ангуштам ба акси дар дасти соҳибхона буда ишора намудам) хотироти талхеро дар рўзгори шумо низ боқӣ гузошта.
-Ҳамааш ҳамин хел аст.
-Гумон намекунам, ки аз пинҳон намудани он рўзгор ба шумо нафъе бирасад.
-Пас донистан мехостам, ки аз ошкор карданаш маро чӣ суд.
-Дар мадди аввал ҳеҷ.
-Дар мадди дуюм чӣ?
-Мо метавонем қотилро ба маҳкама кашем, ки инро на танҳо мо, балки шумо ҳам мехоҳед.
-Ман намедонам қотил кист.
-Мо бошад, медонем, вале гуноҳашро дайн карда натавониста истодаем.
-Пас чӣ тавр ман метавонам ба тафтишот ёрӣ диҳам, модоме, ки худи милиса дар аъроф мондааст.
-Мо донистан мехоҳем, бо ёрии кӣ Солеҳ Қамар як шабонарўз пештар аз ҷангалзорҳои Сибир ба Тоҷикистон омад ва ин бозгашти ногаҳонӣ чаро бо фоҷиа анҷомид...?
-Ман аз куҷо донам.
-Яъне, ки намедонед?
-Намедонам.
-Дар он сурат ҳисоб намоед, ки мақоми ҳозираи хешро аз даст додед.





