Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 130 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 130 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Моро боз ҳамон суолҳои пешин ба ин ҷо овард.
-Ба гумонам ман ҳамон рўз дар офис ба ҳамаи суолҳои додаатон посух гуфтам.
-Мо донистан мехостем, ки Замира кист?
-Тамом?
-Ҳамааш ба посухи шумо вобаста.
-Магар ҳамин як посух кофист?
-Кофист.
-Танҳо ба хотири пешрафти кори шумо иброз менамоям, ки Замира ин манам.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, Усмон Башир...
-Дуруст фаҳмидед.
-Ҳоло вай дар куҷост?
-Кӣ?
-Нафаре, ки ба шумо чунин ҷабру ҷафоро раво дид?
-Аз куҷо донам.
-Ҳа, дар воқеъ як масъала қариб аз ёдам баромада буд, - гӯён ман даст ба ҷайб бурда, акси Солеҳ Қамарро бароварда ба тарафи соҳибхона дароз намудам.
Соҳибхона, ки ҳанўз пушти дари ошхона рост меистод, чанд қадам ба тарафи мо гузошта, аксро аз дасти ман гирифта, лаҳзае чашм ба он дӯхт ва мисли оне, ки сараш чарх зада бошад, ба курсӣ нишаст...
-Чаро дар бораи ин кас (соҳибхона ба акси дар дасташ буда ишора намуд) аз ман мепурсед?
-Чунки ҳангоми таҳлили рафти ҳодисаҳо мо ба хулосае омадем, ки шумо ҳам яке аз шаддаҳои он ҳалқа ҳастед.
-“Шаддаи ҳалқа” гуфтанатон чӣ маънӣ дорад?
-Дар атрофи ҳодисае гирд омадани шахсиятҳои алоҳида бо марому мақсади алоҳидаро “шадда” ва худи маркази ҳодисаро “ҳалқа” меноманд.
-То ҷое, ки банда огоҳӣ ёфтам ман ҳам яке аз донаҳои ҳалқаи гуфтаатон ҳастам ё гапам нодуруст?
-Дуруст, мо айнан чунин мешуморем.
-Яъне, шумо донистан мехоҳед, ки ман ин касро ( ҷавонзан боз ба акси ҳанўз дар дасташ буда ишора намуд) мешиносам ё не?
-Моро дуруст фаҳмидед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан