-Оҳҳо киҳоро мебинам, - баробари дарро кушодан моро дида гуфт соҳибхона.
-Субҳатон бахайр бошад.
-Аз он чӣ ки ҳанўз чашми рўз накафида ба суроғи банда омадед, ба хайр будани ин субҳ ба гумон аст.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки “қадами номубораки Маҳмуд, ба ҳар куҷое расид баромад дуд” - пурсид Ҷомии Шариф.
-Маҳмуд шоҳ буд на милиса ва беҳтар мешуд, ки мақому манзалати хешро на дар пояи шоҳ, балки дар пояи аҳли рикобаш мегузоштед.
-Шояд моро ба хона таклиф намоед, - баҳси чун вулқон ба амаломадаро хомӯш намудани шуда гуфтам ман.
-Қулбаи ман ҳамагӣ як ҳуҷрадор аст ва то кунун онро рубўчин накардаам.
-Мо ба якчанд суоли хеш посух гирифтан мехоҳем.
-Магар то дурусттар кафидани чашми рўз интизор шудан имкон надошт?
-Агар медошт, мо магар хоби ширини шуморо нороҳат мекардем.
-Ман он рўз ҳамаашро ба шумо гуфтам.
-Аз гап гап мебарояд.
-Нафаҳмидам.
-Ҳамаи он гуфтаҳои шумо шарҳу эзоҳи мукаммалтарро талаб мекунад.
-Чӣ ман бо дигар забон гап задам?
-Не, албатта, вале тафтишот талаботҳои хешро дорад.
-Марҳамат гузаред, - бо дили нохоҳам гуфт Наргис.
-Ташаккур, - гӯён аввалин шуда банда пой ба остонаи кулбаи бонуи шабгард гузоштам.
Соҳибхона дари ҳуҷраи хобашро пӯшида, моро рост ба ошхона бурда, сари мизи доирашакле ду курсии мулоимро рў ба рўӣ ҳамдигар гузошта, ба нишастан ҳидоят намуд.
-Шояд як пиёла чой?
-Ташаккур, - лозим нест, - гуфт шогирди банда.
-Набошад, гӯшам ба шумо, - гӯлу рўшан намуда гуфт Наргис, ки ҳанӯз пушти дари ошхона рост меистод.





