Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 128 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 128 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Лозим нест.
-Чӣ магар ду шабонарўз мо ўро беҳуда ҷустуҷў намудем?
-Мо худ анҷоми корро намедонем ва намесазад аз рўӣ он шуда духтарро дар вазъи ногувор гузорем.
-Изои муъмин ҳаром гӯед?
-Мутлақо дуруст.
Дар пеши дари даромадгоҳ духтар дубора дастонашро дар гардани гуселкунандааш ҳалқа намуд ва лаҳзае пас он ҳалқаи “занҷир” ҳам канда шуд.
Чун духтар вориди бино шуд, ҷавон аз пеши дар ба қафо баргашта ба тарафи роҳи калон ҳаракат намуд.
Бо амри банда Ҷомии Шариф муҳаррикро ба кор даровард ва мо аз қафои гуселкунандаи котиба шудем...
Сари роҳи калон вайро мошине интизор буд.Чун нафари дар зери назорати мо қарор дошта ба автомашина нишаст, ронандаи дар интизори ў буда ҳамоно ба роҳ баромад.
Дунболагирӣ намудани автомашина маъние надошт, чунки дар кӯчаи холӣ ҳама гуна ҳаракати мо боиси хавотиршавии ҷавон шуда метавонист. Баъди гирифтани рақами мошин мо ба самти муқобил тоб хӯрда, аз нав вориди саҳни ҳавлӣ, ҳавлие, ки биноҳои чорошёна чун девори бузурги Чин онро печонида буд шудем.
Дар ошёнаи сеюми бино чароғе фурўзон буд, ки он чароғӣ кошонаи Наргис буд, чароғи кошонаи ҷавонзане, ки банда вайро духтари шармгин номида будам ва эътирози муфаттиши прокуратура: - “ внешность всегда обманчива”-ро низ шунида.
“Лӯлиён лаб лаби бом, хапако корро тамом” - нидо омад аз қалбам.
Соате пас субҳи содиқ пардаи торикӣ бидарид ва мардумонро ба дарёфти ризқу рўзии хеш ово намуд.
Мардумони дар интизори рўшноӣ буда чун мурчагон аз кулбаҳои хеш берун шудаву ҳар кадоме ба ҳар самт аз пайи ризқу рўзии хеш рафтанд. Дигар ҷойи андеша набуд ва ман ҳамроҳи шогирд аз кулбаи ҳаракаткунандаи хеш (автомашина дар назар аст ) бурун шуда ба самти даромадгоҳе, ки соате пештар Наргис вориди он шуда буд ҳаракат намудем. Лаҳзае пас аз зинаҳо ба ошёнаи сеюм баромада, даст ба тугмачаи занги пушти дар бурдем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан