Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 127 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 127 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз ҷавонон покдомонӣ талаб кардан хатост, Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд...
Дар рўшноии моҳ ман ба тарафи мусоҳибам нигаристам.
Ў дастҳояшро сари чанбараки мошин ҳалқа карда сар болои он гузошта буд.
-Ба фикрам, хоб ғалаба кард, - ниҳоят пурсидам ман.
-Шаби гузашта ҳам мижа таҳ накардем, - бо дили нохоҳам гуфт шогирд.
-Чӣ илоҷ, модоме ки мо худ ин касбро пеша намудем.

  • Оё гуфтанӣ нестед, ки худкардаро даво нест?
    -Ҳар шом, ки ояд зи пай он саҳаре ҳаст.
    -Яъне, аз ҳама ин ташвишҳо фоҷиа сохтан нашояд.
    -Бале, гӯён ман аз паси оинаи тирезаи автомашина боз нигоҳамро ба саҳни ҳавлӣ, ба ҳавлие, ки кулбаи Наргис он ҷост, дӯхтам, вале ҳама ҷо орому сокит буд. Дар рўшноии моҳ агар паша пар мезад, ба чашм метофт, вале дар ин шаби хомӯшу сокит, не паша пар мезаду не садое ба гўш мерасид.
    Дар ҳамин хомӯшии шаб ман сари пешниҳоди шогирд, ки он мурғи ҳуморо дар назди хонааш интизор шудан беҳтар аст, андеша намуда, ба худосае омадам, ки пешниҳоди шогирд пешниҳоди олист. Охир мо таги ин ду шабонарўз қариб ба дари хонаи тамоми хешу ақрабо ва шиносҳои Наргис ангушт задем, вале бе натиҷа...
    Дигар моро ба ҷуз интизор шудан чорае набуд ва ба умеди анҷоми неки кор ман чашм аз саҳни ҳавлии бинои чорошёна намекандам. Соате пас хоб ғалаба карду Ҷомии Шарифро бедор намуда худ чашмонамро пӯшидам...
    -Рафиқ майор, рафиқ майор, - гуфтани шогирд бандаро аз хоби субҳгоҳӣ берун овард ва ман чашм кушода ба тарафи мусоҳибам нигаристам.
    -Ана нигоҳ кунед, - гуфт Ҷомии Шариф, ки шояд бо ин васила хобро аз чашмони банда дур намудан мехост.
    Ба саҳни ҳавлӣ назар намуда, Наргисро дидам, ки дар оғӯши ҷавоне аз самти роҳи калон вориди саҳни ҳавлӣ шуд. То оғози субҳ ҳанўз вақт буд ва мо ҳеҷ фаҳмида натавонистем, ки чаро духтар оғози субҳро интизор нашуда ба кулбааш омад.
    -Шояд пеши роҳашонро гирем, - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан