Дар навбати хеш сарвари милиса ёфтани котибаи ҶДММ “Маҳмудиён”- ро ба нақшаи корҳои ҷустуҷўӣ дохил намуда...
Эшон қариб, ки ҳар соат аз иҷрои амали ба нақшагирифтааш пурсон мешуд, вале пешравие дар ин самт ба назар намерасид.
Гумон мерафт, ки котибаи ҶДММ “Маҳмудиён”- ро замин фурӯ бурда ва ё ўро тариқи лаълии пароне ба сайёраи дигаре интиқол дода...
Аз лаҳзае, ки баъди суҳбат бо муфаттиш Фурўғи Шариф банда аз бинои прокуратура баромадам, ду рўз сипарӣ шуд, вале дар кори мо пешравие набуд.
-Шояд аз дигар самт ба “ҳуҷум” гузарем, - пешравиеро дар рафти корҳои дирўза надида пурсид Ҷомии Шариф.
-Бе дарёфти Наргис ва пурсиши расмии вай пешравиеро дар кор интизор шудан ба гумон аст, ба замми ин дар ёфтани котибаи шаттоҳ ба ҷуз Воҳид Камол худи прокурор ҳам манфиатдор аст.
Шояд вайро ҳам... - гӯён мусоҳиби ман ангушти ишоратиашро чун теғ аз зери гарданаш гузаронид.
-Астағфурилоҳ гӯй.
-Астағфурилоҳ, астағфурилоҳ...
-Ана ин гапи дигар.
-Гумон мекунам, ки аз ҳама ин даву тозҳои мо манфиате нест.
-Пас чӣ бояд кард?
-Интизор шудан лозим, ки кай он мурғи ҳумо боз ёди лонааш мекунад.
-Он товуси хиромон гӯед!
-Бигузор гуфти шумо шавад.
-Ба андешаи шумо, рафиқ лейтенанти калон, ҳоло вай дар куҷост?
-Аз он ки моҳ аллакаи ба сайри замин баромад (чунки посе аз шаб гузашта буд), он товуси хиромон шояд бистари шоҳеро мунаввар сохта.
-О вай чӣ хел зан аст, ки баъди ҳама он ҳодисаҳои ба сараш омада аққалан боре андеша намекунад?





