Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 125 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 125 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Далел?
“-Дигар бандаро чӣ корест ба амалҳои Наргис” гуфтани Ҷаббор Маҳмуд ҷон дорад. Ба таври дигар гӯем, вай медонад, ки Наргис пойбанди Солеҳ Қамар гашта ва танҳо ба хотири нону намак ва меҳрубониҳои гузаштагони духтар аз кирдорҳои беақлонаи ў чашм пӯшид, ин як.
Дуюм, духтар дидаю дониста ба Солеҳ Қамар дил додааст, чунки бо ин амал ў кӣ будани хешро ба Усмон Башир нишон доданӣ шудааст, вале хуб буд, ё бад вай аз муносибати маҳрамонаи ҳамсари бевафои Солеҳ Қамар бо нафаре, ки замоне ўро шарманда сохт, огоҳ гашта, ҳисси интиқом дар замираш бедор шудааст ва на танҳо ин.
-Боз чӣ?
-Духтар ин имкониятро ба нафъи хеш истифода бурданӣ шуда ва дар умри кӯтоҳаш бори дуюм ба умеди зоғ шуда аз раззоқ ҳам мондааст.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, Наргис худ нияти бонуи он қасри кошӣ шудан доштааст?
-Чаро не, вале мо наметавонем аз воқеаҳо пештар гом занем.
-Яъне...
-Ҳамаи ҳолатҳои корро мо бояд аз забони худи Наргис шунавем, охир беҳуда нагуфтаанд, ки сухан аз забони Луқмон хуш аст.
-Модоме, ки чунин аст, бо иҷозаи шумо - гӯён ман аз ҷойи бархостам.
-Чун Наргисро биёред, ба ҳамаи суолҳоятон ҷавоб хоҳед гирифт...
...18 ...
“Даҳони пӯшида - сад тилло” гуфтани мардумро ман хеле дер фаҳмидам, он қадар дер, ки ҳисобаш гум...
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки муфаттиш ба суолҳои патронаш оиди дар кадом вазъ қарор доштани парвандаи Солеҳ Қамар андешаҳои хешро, ки ҳангоми баҳси якҷояи мо рўйи саҳна омада буданд, арзонӣ дошта...
Сарназоратчии қонун бошад, суханони муфаттишро бо каме рангу бори дигар аз номи хеш ба гӯши Воҳид Камол расонида...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан