Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 124 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 124 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Сари ин масъала мо танҳо пас аз ошкор намудани қотили Солеҳ Қамар баргашта метавонем.
-Аҷиб.
-Аслан мо аз аввали азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ба хато роҳ додем, мисли он меъморе, ки ба таҳкурсии бино чандон аҳамият намедиҳад ва оқибат девор то ба боло каҷ меравад...
Чун дар ҳамин ҷо муфаттиш каме тағофул намуд, ман аз фурсат истифода бурда, оиди таҳкурсӣ ва девори каҷ гузоштаамон андеша намудам. Ҳарчанд мусоҳиби банда ному насаби қотилро нагуфт, вале барои ба як хулосаи аниқ омадан Архимед будан шарт набуд.
Дар нигоҳи хаёлии банда манзарае падидор гашт: Солеҳ Қамар баъди дидани он аксҳои урёни ҳамсари бевафояш ва ё дидани акси фиттаи шаҳватангези ў ва ёвараш, ки худ вайро дасти рост меномид, рост ба хона омад. Дарвозаро кушоду ба ошёнаи сеюми он қасри кошӣ баромад ва дар ҳуҷраи хоб ҳамсарро масти хоб дид...
-Мебинам, ки сари кадом як фикру хаёле сайр доред, - овоз рўшан кард муфаттиш.
-Ба фикрам, мо хатои хешро фаҳмидем.
-Нек бошад.
-Соатҳои 23-и шаби 26-уми апрел Парвина Қамар аллакай дар хона будааст.
-Хеле хуб, ки шуморо низ чунин андешаҳо ба сар омад.
-Ақли кас намегирад.
-Ҷинси латифро шумо заиф набинед.
-Танҳо муҳаббати беандозаи мард аст, ки занро чун барги гул нозук мебинад.
-Бовар макун ба дўстат, коҳ ҷойи кунад дар пӯстат, - бо ҳамон табасуми зебояш бигуфт Фурўғи Шариф.
-Як чизро донистан мехостам.
-Бифармоянд.
-Дар ҳақиқат шумо медонистед, ки Наргис маҳбубаи Солеҳ Қамар аст?
-То оғози суҳбати имрўза бо шумо не.
-Пас ин фикр чӣ хел ба саратон омад?
-Дил гувоҳи ҳол аст, ба замми ин дар ҳиссиёт ҳамаи гулҳои нозуки гуфтаатон бартарӣ доранд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан