-Хайр вай омаду ҳамсарро дар хона болои бистари хоб танҳо дид ва, албатта андеша мекард, ки ўро фиреб додаанд.
-Ҳаргиз чунин нест.
-Набошад чӣ хел аст?
-Нафаре, ки вайро аз рафти ҳодисаҳо огоҳ намудааст, албатта, барояш далели раднашаванда ҳам пешниҳод намудааст.
-Чӣ хел далел?
-Гумон мекунам, ки аксҳои урёни ҳамсарро ё фиттаи пинҳонӣ сабт намудаи ишқварзиҳои ўро.
-Пас чӣ хел ҳангоми азназаргузаронии ҷой ҳодиса мо ягон далеле наёфтем.
-Чунки нафари манфиатдор ҳамаи он далелҳоро нобуд сохт.
-Ба ҷуз ҳамсари бевафояш дигар, ки ҳам метавонист ба ин кор манфиатдор бошад?
-Ҳеҷ кас.
-Модоме чунин аст, аз ин амал ба Наргис чӣ суд?
-Ин муаммои дуюм аст.
-Шуниданаш мумкин?
-Чаро не.
-Набошад, гӯшам ба шумо.
-Наргис маъшуқаи Солеҳ Қамар аст.
-Маълумот аз куҷо?
-Мо ҳам, албатта, тайи ин рўзҳо ду дастро болои ҳам монда истироҳат накардем.
-Пас чаро дар ин бора моро огоҳ накардед?
-Ҳар кореро вақту соаташ ҳаст ва ҳама гуна шитобкорӣ боиси хандахариш гардидани шитобкор мегардад.
-Алҳол шумо дар андешаи онед, ки вақту соати ошкор кардани қотил расида?
-Ҳар он чӣ ки дар дег ҳаст, дер ё зуд рўйи кафлес хоҳад баромад.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, Наргис дар марги Солеҳ Қамар даст надорад?
-Не, надорад.
-Пас вайро сари кадом масъала гунаҳкор карда метавонем?





