Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 122 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 122 аз 499 · 2 ноябри 2026

Сипас пайвастагии ҳар як нуқтаи хурдро бояд аз рўйи мантиқ таҳлил намоем.
-Зид нестам.
-Пас биёед ба рафти ҳодисаҳо аз охир нигарем. Баъди ҳодисаи ба сари Солеҳ Қамар омада гум шудани Усмон Башир ва сипас ба фалокати автомобили дучор шудани вай. Аз он чӣ ки дуюмин дили Наргисро шикаста ҷой гап ҳам нест.
Занҳо танҳо дар назар заифу бечораанд, вале қодиранд баҳри ҳимояи иффати хеш чун паланг гулўӣ ҳар нафареро, ки пероҳанашонро доғдор намудааст бидаранд. Албатта, мо намедонем дар он муҳаббати аккосишуда гунаҳкор кист, вале мусаллам аст, ки баъди чунин “муаррифӣ” духтар дар нимароҳ монда. Падару модараш ба қавле фирорӣ гаштанд.
Об чун аз сар гузашт, дигар як ваҷаб ё як метр буданаш фарқ надорад. Ба андешаи банда Наргис бо як тир чанд нишонро мавриди ҳадафи хеш қарор додааст...
-Он нишонаҳо кадомҳоянд?
-Гумон мекунам бозгашти ногаҳонии Солеҳ Қамар аз ҷангалзорҳои Сибир бе ҷаҳду талоши нафари “хайрхоҳе” чун Наргис рух надодааст.
-Чӣ хел?
-Албатта, нафари ошное ба гӯши вай расонида, ки бубин духтари аз гирдоби дарё бурун овардаат, ки ба хотири ў шуда аз зану фарзандонат ҷудо шудӣ, дар набуданат ба чӣ корҳое машғул аст.
-Яъне, биёву бубин, ҳамин хел?
-Бале.
-Хайр омаду дид. Охир вай на ба он хотир омад, ки худ тир дар пешона бигирад. Албатта, омад то шубҳаро аз рўйи хабари шунидааш бартараф созад ва дар ҳолати тасдиқ шудани хабар кафшҳои ҳамсари бевафояшро пеши пояш гузорад.
-Муаммои кор ҳам дар ҳамин аст.
-Чӣ хел муаммо?
-Фикр мекунам, нафаре бонуи хонаро ҳам аз ташрифи ногаҳонии ҳамсар огоҳ намуда.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан