Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 121 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 121 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Модоме чунин аст, пас нуқтаи назари шуморо донистан мехостам.
Фурўғи Шариф тугмачаи диктофонро аз нав пахш намуда, лентаро каме ба қафо тоб дода, дигарбора моро ба гӯш намудани суҳбати бо Ҷаббор Маҳмуд доштаамон ҳидоят намуда, гуфт:

  • Марҳамат худ қазовот намоед.
    То ҳадде тавонистам, ман ба аҳли оилаи онҳо кумак намудам, дигар бандаро чӣ корест бо амалҳои Наргис.
    -Рафиқ майор, ба инаш чӣ мегуед?
    -Маҳз барои ҳамин ба ин ҷо омадам, то якҷоя сари ин масъала андеша намоем.
    -Гуфтаниед, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд?
    -Садқаи ақли фаҳм шавам.
    -Дигар бандаро чӣ корест бо амалҳои Наргис, маҳз ҳамин ҷумла боиси андеша аст.
    -Ман ҳамроҳи шогирд дар атрофи суханрониҳои Ҷаббор Маҳмуд хеле андеша намудем, вале ба як қарори дуруст омада натавонистем.
    -Шояд, вале гумон намекунам, ки он баҳси шумо назарияеро рўйи саҳна наоварда бошад.
    -Ҷомии Шариф маҳз Наргисро қотили Солеҳ Қамар номид, ман бошам мутлақо зидди гуфтаҳои шогирд баромадам.
    -Чаро?
    -Чунки чанд рўз пеш ман бо Наргис суҳбат доштам ва ҳеҷ ба гӯшаи хотир оварда наметавонам, ки як духтари шармгин даст ба чунин ҷинояти вазнин занад.
    -“Внешность всегда обманчиво.”6
    -Аз чӣ бошад, ки ман ҳамеша зоҳиру ботини инсонро як мебинам.
    -Шумо танҳо не, балки кулли инсонҳо зоҳирпарастанд.
    -То ҷое фаҳмидам, нуқтаи назари шогирди банда ба шумо писанд афтод?
    -Чӣ фарқ дорад, ки писанд афтод ё не, вале моро лозим меояд сари гуфтаҳои шогирди шумо андеша намоем. Ба ҳамин

6 Намуди зоҳирӣ ҳамеша фиребдиҳанда аст. (мақоли русӣ) хотир, рафти воқеаро бори дигар ба ёд оварданамон лозим меояд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан