-Шумо розиед, ки нафари аз ботлоқ бурун овардаатонро дубора ботлоқ фурў барад?
-Аз рўйи қарзи инсонӣ ман то ҳадде тавонистам ўро даст гирифтам, дигар вайро чӣ ҳавою ҳавасе дар сар аст, ман намедонам, афсӯс бар он мехӯрам, ки падару модараш ҳодисаи ба сари духтарашон омадаро аз ман мебинанд, вале Худо худ шоҳид, ки ман гуноҳе надорам.
-Ҳисоб намоед, ки дар нисбати Наргис мо бо шумо ҳамақидаем, вале намефаҳмам бо кадом сабаб ҳоҷӣ Малик шуморо бадгўй мекардааст?
-Дар асл ман ҳоҷӣ Маликро намешиносам, вале кафолат ҳам дода наметавонам, ки вай худро шиноси деринаи банда муаррифӣ накунад ва ҳамаи инро сабаб чист барои ман чун муаммо боқӣ мемонад.
-Чӣ хел?
-Ҳар кўр метавонад, номи маро кунад кўр...
-Гуфтаниед, ки нотавонбинонатон ба ҳар кор қодиранд?
-То кунун ба чӣ кор қодир будани онҳоро намедонистам, вале ҳар он чӣ ки аз забони мубораки шумо шунидам, бандаро ба чунин андешаронӣ водор кард.
-Хоҳиш мекунам то бартараф намудани ин ҳамдигарнофаҳмиҳо тарки маҳали зист накунед, - гӯён мо бо мусоҳибамон худоҳофизӣ намудем.
...17...
-Чӣ сухани ошное, - гӯён муфаттиш тугмачаи диктофонро дубора пахш кард.
-Нафаҳмидам.
-Гумон мекунам, ҳамин як мисраъ шеърро метавон дараҷаи кулминатсионии мусоҳибаи шумо бо Ҷаббор Маҳмуд номид.
-Чӣ хел шеър?
-Ҳар кўр метавонад, Номи маро кунад кўр.
Дар рўйи роҳ фитодаст,
Имрўз хонаи мур...5
5 Сухан аз Б.Собир.





