Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 119 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 119 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Боз чӣ?
-Усмон Башир аз рўи амали нопоки хеш аз мо дурӣ ҷуста, ба хизмати рақиби ман рафт.
-Гуфтаниед, ки барои амали нопокаш аз шумо шарм дошт?
-Намедонам аз мо ё аз Худо.
-Пас чаро Наргисро пеш накардед?
-Чунки ман ҳамроҳи падари вай зери як кӯрпа калон шудам, дурусттараш баъди вафоти падару модарам бобою бибии Наргис тарбияи бандаро ба уҳда доштанд ва ман наметавонистам болои сӯхта намакоб пошам...
-Шояд Наргис аз рўйи мақоли “Афлотун дӯсти ман, вале ҳақиқат алвотар аст” амал намуда бошад ва чӣ ҷойи баҳс ў танҳо гуфт, ки коғазпечеро, ки он рўз баъди пайдошавии ҳоҷӣ Малик ба дасти ронанда дод, моли шумо буд.
-Ман ҳеҷ гуна супориш надодам, ҳамааш дурўғ аст, мефаҳмед?
-Гумон намекунам, ки Наргис дар чунин лаҳзаи ҳассос гуноҳро ба гардани хеш гирад.
-Аз вай напурсидед, ки дар он коғазпеч чӣ буд?
-Пурсидем.
-Пас аз ман чӣ мехоҳед?
-Мо донистан мехоҳем, ки оё дар ҳақиқат Наргис он коғазпечро бо супориши шумо...
-Ман аллакай суханамро гуфтам.
-Яъне, ягон супориш аз тарафи шумо набуд?
-Набуд.
-Модоме чунин аст, бигузор Наргис худаш ҷавобашро диҳад, ҳамин хел?
-Бале.
-Пас байни шумо ва Усмон Башир чӣ фарқест?
-Чиро дар назар доред?
-Ҳамон некиҳои бобою бибии Наргис ва амали кунунии шуморо.
-То ҳадде тавонистам, ман ба аҳли оилаи онҳо кумак намудам, дигар бандаро чӣ корест ба амалҳои Наргис?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан