-Намедонам, вале котиба бояд шуморо аз омадани чунин шахси мӯътабар огоҳ мекард.
-Наргис дар ин бора ба ман ягон сухане нагуфт.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Чунки вай вазифаи аввалиндараҷаи хешро иҷро накардааст.
-Баъди ҳодисаҳое, ки Усмон ба сари вай бечора овард, духтар парешонхотир шудааст.
-Баҳс намекунам, агар аз пайдошавии ҳоҷӣ Малик худи Наргис ҳам дасту по намехӯрд, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Набошад ҳозир ҳамаашро ислоҳ мекунем.
-Чӣ хел?
-Ҳоҷӣ Маликро ба ин ҷо мехонем ва ў ҳамаашро шарҳ медиҳад.
-Шарҳи чӣ ва ин ҳама ҷаҳду талошҳои шуморо сабаб чист?
-Шарҳи супоришҳои шумо, албатта, ў шиносои хешро бо шумо инкор нахоҳад кард.
-Шояд ў шиноси Наргис будагист?
-Наргис бошад чунин намешуморад.
-Шумо кай бо вай суҳбат намудед?
-Ҳамин субҳ, ҳангоме шуморо ин рафиқ (ман ба тарафи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ишора намудам) ба автомашинаи милиса шинонид.
-Бовар намекунам.
-Чаро?
-Чунки Наргис ҳаргиз аз болои ман шикоят нахоҳад кард.
-Ин андешаи ботилро аз сар дур намоед.
-Наметавонам.
-Чӣ хел?
-Наргисро ман қариб, ки аз ботлоқ берун овардам, мефаҳмед?
-На он қадар.
-Баъди ҳодисаи ба сари Наргис омада падару модараш дигар имконияти дар маҳаллаи хеш зиндагӣ кардан надоштанд ва ба хотири аз чашми бадгӯён дур намудани онҳо ман барояшон дар дигар маҳаллаи шаҳр хона харида додам ва натанҳо ин...





