-Замоне, ки ҳарду якҷоя кор мекарданд, ман ягон ҳамдигарнофаҳмиро байни онҳо мушоҳида накардам.
-Дар бораи ҳамсари Солеҳ Қамар чӣ медонед?
-Танҳо ҳамон ҳолатеро, ки дар аввали суҳбат баён намудам.
-Ному насаби вай духтар?
-Аз ҳамсари Солеҳ Қамар?
-Не, аз нафаре, ки аз рўӣ Усмон шуда, ба зиндагии хеш хати батлон кашид.
-Наргис, ёру дӯстонаш вайро Замира ном мебаранд.
-Ин ҳамон духтаре ҳаст, ки дар офиси шумо кор мекунад?
-Магар ин ба рафти суҳбати мо ягон алоқа дорад?
-Дорад.
-Бале, - ў ҳамон духтар аст.
-Ҳоҷӣ Малик дар корхонаи шумо чӣ вазифа дорад?
-Мо чунин коргар надорем.
-Шояд вай ягон шиноси шумост?
-Ман чунин шинос надорам.
-Аҷибаш он, ки вай шуморо нағз мешиносад.
-Манро?
-Бале шуморо.
-Чӣ хеле гууфтам, ман ягон шиносе бо чунин ному насаб надорам.
-Вай Салимро ҳам мешиносад.
-Салим Курбонро?
-Бале, - гуфтам ман ва ҳамин сухан дар қиёфаи мусоҳибам як тағйиротеро ба бор овард. Дар тамоми рафти суҳбат ин аввалин тағйироте буд, ки нишонаи онро мо дар қиёфаи мусоҳиб дидем.
-Гуфтам ва боз мегӯям, ки чунин нафарро намешиносам,
- моро бовар кунонидан хост Ҷаббор Маҳмуд.
-Он рўз ман ҳамроҳи Наргис дар қабулгоҳи дафтари кориатон будам, ки ҳамон ҳоҷии гуфтагиам ба суроғи шумо ва Салим омад. Аслан вай маро ҳамроҳи Наргис сари суҳбат дида, хост ба қафо баргардад, вале котиба ўро аз роҳ боздошта хабар дод, ки шумо намешавед.
-Шояд ягон корафтодае будааст.





