Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 116 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 116 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ба ростӣ, ман ҳар чӣ аз забони Солеҳ Қамар, ки як ронандаи одӣ буд, шунидам, ба ақл рост намеомад.
Фаҳмидам, ки новобаста аз мудири як филиали бонк будан дар нисбати як ронандаи одӣ ҳанўз аз зиндагӣ бехабарам.
-Вақте ки ў як миллион рубл талаб намуда гуфт, ки замин гирифта, хоҷагии деҳқонӣ ташкил мекунад, ман хандидам. Ба вай ҳатто фаҳмонданӣ шудам, ки наход барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳам пора додан лозим бошад.
-Бе пул дигар сухан асар надорад, - гуфт Солеҳ.
-Дар интиҳо ў маро бовар кунонид, ки бо ҳамин як миллион рубл чанд моҳ пас даҳ гектар замин он тараф истад, балки даҳ сотих замин гирифта намешавад. Чун вайро аз замони ронандаи мошини хизматӣ тағоям буданаш нағз мешинохтам, ба таваккал даст зада, маблағи талабнамудаашро додам...
-Боз чӣ?
-Соле пас пул дар шакли ҳазор бар як иваз шуд. Баъди чанд моҳи реформаи пулӣ Солеҳ Қамар аз ҳамон ҳисоб қарзи бандаро баргардонид. Ў ҳатто маро дар он даҳ гектар замини аз ҳисоби худи ман харидааш шарик нагирифт...
-Яъне, ў шуморо фиреб дод?
-Дар асл не.
-Пас чӣ ҷойи гила?
-Дар асл ў ба ман ҳазор рубл дод, мисли оне ки бонк медиҳад, ҳол он ки ман бо он маблағи аз ҳисоби худам ба вай дода метавонистам дар шаҳр ҳашт – даҳ ҳуҷраи духонадор харам...
-Мо шуморо гӯш мекунем.
-Худкардаро даво нест, -оҳи сарде аз дили пурдард кашида гуфт мусоҳиби мо.
-Вақтҳои охир муносибати шумо дар кадом поя қарор дошт?
-Мо кӯшиш мекардем, ки бо ҳам рў ба рў наоем.
-Пас чӣ шуд, ки дастпарвари шумо бо вай ҳамнишин гашт?
-Намедонам.
-Дар бораи Салим чӣ гуфта метавонед?
-Ў ёвари ман аст.
-Муносибати вай бо Усмон Башир чӣ хел буд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан