Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 115 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 115 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Аз он солҳо аксари мардум хотироти нек надоранд, - гуфтам ман, ки намехостам барои андеша ба мусоҳибам вақт диҳам.
-Ба андешаи шумо розӣ шуда наметавонам.
-Чаро?
-Чунки ҳама гуна табаддулотҳои бузург сармоядорони бузургро рўӣ саҳна меорад ва ҳар ки тавонист, аз ин “фурсати муносиб” истифода бурд ва бо замона ҳамқадам гашт ва номи хешро дар радифи сармоядорон сабт намуд. Ба таври дигар гӯем “ҳеҷбудагон ҳама шуданд” ё чӣ хеле баъзе аз дӯстони ман мегӯянд, баъди он табаддулоти пулӣ хар болонишин гашту асп пушти дар монд...
-Браво, - гуфт Ҷомии Шариф, ки сабуи об дар даст вориди дафтари кории ман гашта охири суханронии нафари аз болояш шикоят намударо шунид.Сипас ў ба пиёлае об рехта, бо эҳтиром ба дасти Ҷаббор Маҳмуд дод...
-Ташаккур, - баъди нушидани об пиёларо болои миз гузошта гуфт мусоҳиби мо.
-Суҳбатро давом диҳем?
-Чӣ хеле гуфтам, ҷараёни пулӣ ба кишвар омада, як хатари бузургеро ба бор оварда буд. Дар муомилот дигар саду дусад рубл не, балки садҳо ҳазор рубл дар дасти қариб аксари сокинони кишвар дар гардиш буд. Ба таври дигар гӯем, кулли мардум аз ҳисоби ин пули қурбашро гум карда миллионер шуданд, вале дар дӯкону мағозаҳо дигар мол набуд. Иштиҳои мансабдорон ҳам дар он шабу рўз қозгир шуд ва аз бесуботию бе низомии вақт истифода бурда, бархе аз мансабдорон заминро новобаста аз монополияи давлат буданаш ба фурўш гузоштанд. Ана дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз рўзе собиқ ронандаи тағоям Умар Шамсиддин (илоҳо рўҳаш шод ва манзили охираташ обод бошад) ба дафтари кории банда ангушт зад...
Мусоҳиби мо ин даъфа боз аз сабуи дар болои миз буда ба пиёла об рехта, нӯши ҷон кард ва сипас суханашро давом дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан