-Сарчашмаи шиносоии шумо аз куҷост ва он дар кадом поя қарор дошт?
-Ин таърихи дуру дарозест, вале анҷоми он шиносоиҳо барои ман дилхарош аст, аз ин рў, маъзарат мехоҳам...
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, ба ёд овардани он шиносоиҳо бароятон дарднок аст?
-Айнан ҳамин хел.
-Ҳар чӣ ҳам набошад, аз ба ёд овардани он саргузашти талх шуморо роҳи гурез нест.
-Охир дар бораи Усмон ҳар чӣ пурсидед ҷавоб додам, вале намефаҳмам, ки инаш барои чӣ лозим?
-Агар лозим намешуд, мо ҳаргиз вақти қимати шуморо намегирифтем, ба замми ин мо худамон ҳам чандон вақти зиёд надорем, ки онро сарфи пурсиши беҳуда намоем.
-Чӣ хеле аллакай гуфтам, ба ёд овардани он рўзҳо бароям чандон хуш нест, вале акнун аз баёни он рўзҳо ҳам роҳи гурезро надида истодаам.
-Мо ҳам айнан дар вазъи шумо қарор дорем ва рафту агар имконият медоштем, ҳаргиз захми дили шуморо тоза намекардем.
-Агар худситоӣ нашавад, Солеҳ Қамарро ман ба майдони тиҷорат овардам.
-Чӣ тавр?
-Сароғози амалҳои мо ба ҳамон солҳое рост меояд, ки пули шӯравӣ қурби хешро гум мекард. Чун дар дигар ҷумҳуриҳо пули миллии хешро ба муомилот бароварданд, пули аз байн рафтаистодаи шӯравӣ чун дарё ба кишвари мо омад ва оқибат номи пули деревянй (чӯбин)-ро гирифт. Дар он солҳо ман вазифаи мудири яке аз филиалҳои “Амонатбонк”- ро ба душ доштам ва дар нисбати дигарон хатари ҷараёни пули ба кишвар омадаро бештар дарк менамудам...
-Чаро суханатонро буридед?
-Каме об диҳед, ба ростӣ, ман аз ба ёд овардани он рўзҳо чандон хотироти неке надорам.
Чун ҳамон лаҳзаҳо дар дафтари кории банда об набуд, баробари об гуфтани Ҷаббор Маҳмуд лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф сабуи шишагинро гирифта, барои овардани об рафт...





