Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 113 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 113 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Чӣ хел ҳодиса?
-Аз натиҷаи яке аз чунин вохӯриҳо аксҳои марҳамонае ба дасти падару модари духтар ва худи домодшаванда расиданд, ки ин боиси шикастани фотеҳаи духтар гардид.
-Шумо гумон доред, ки Усмон ба шантаж даст зада?
-Не, ман ҳатто бовар накардам, вале чӣ илоҷ, ки амали ў дили чанд нафар бишикофт. Духтар бадном шуд ва ба қавле сиёҳбахт гашт... Дарду алами падару модарашро ҳисоб набуд, ҳарчанд баъзе аз шиносҳои Усмон бар он ақидаанд, ки вай худаш ҳам бозичаи дасти дигаре гашта...
-Чӣ тавр нафаре, ки сети муҳофизатии бонкро кушодааст, бозичаи дасти дигаре шудааст?
-Одам шири хомхӯрда.
-Баъди аз корхонаи шумо рафтанаш вай ба чӣ коре машғул буд?
-Аз рўйи шунидам, ў дасти рости Солеҳ Қамар ном тоҷир буд.
-Ҳоло вай дар куҷо?
-Кӣ?
-Солеҳ Қамар.
-Дар он дунё.
-Усмон чӣ?
-Соя ҳам аз қафои тан рафт.
-Чӣ тавр нафаре, ки сети муҳофизатии бонкро кушодааст, соя мешудааст?
-Дигар чӣ гӯям, модоме вай намаки Солеҳро хӯрда, ба намакдонаш туф кард.
-Шояд мақсадатонро равшантар баён менамудед.
-Чӣ ҷойи шарҳу эзоҳ, модоме дар набудани Солеҳ Қамар ҳамроҳи бонуи вай ба ким - кадом як осоишгоҳе рафтааст.
-Сарчашмаи маълумот аз куҷост?
-Инро қариб ҳамаи ёру рафиқони Солеҳ медонанд.
-Аз ин бармеояд, ки шумо бо Солеҳ Қамар ҳам шиносоии наздик доштед?
-Инкор намекунам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан