Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 112 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 112 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Охир мо куҷою дунёдорӣ куҷо? - Ба замми ин, бонкҳои сабилмонда қарзро бо фоизи миёншикан медиҳанд. Рафту чун мурчагон мо дар ҳаракат набошем, дар қарз ғӯтида меравем...
-Модоме чунин аст, тезтар ба суолҳои мо ҷавоб гуфта аз пайи коратон шавед.
-Зид нестам.
-Мо донистан мехоҳем, ки Усмон Башир дар корхонаи шумо чӣ нақшеро ба душ дошт.
-Замоне ў дар корхона ҳамроҳи мо кор мекард, вале тайи як соли охир вай бо мо ҳамкорӣ надошт.
-Нақши вай дар корхона чӣ буд?
-Аслан ҳуҷҷатгузорӣ.
-Аниқтараш?
-Муайян намудани нарх ва таҳлили он дар бозорҳои собиқ Давлатҳои Муштаракулманофеъ, вале шумо гумон накунед, ки ин кори миёншикане буд.
-Яъне, эшон тариқи техникаи иттилотӣ аз вазъи бозор шуморо огоҳ мекард.
-Раҳмат ба гузаштагонатон, ҳамааш айнан чунин буд ва мо аз рўйи таҳлили нархҳо дар бозор бо пешниҳоди вай барои овардани масолеҳи сохтмонӣ ба минтақаҳои гуногуни собиқ давлатҳои шӯравӣ сафар мекардем.
-Пас чаро чунин кормандро ҳифз накардед?
-Мо ўро аз кор пеш накардем, вай худаш рафт, ҳарчанд дар давоми кор аз рўӣ вай шуда мо хеле ҷабр дидем.
-Чи хел ҷабр?
-Новобаста аз он ки мо ба вай маоши дуруст медодем, боре ў тариқи интернет сайти муҳофизатии кадом бонкеро кушодааст ва мо чандин маротиба аз рўйи ў шуда ба милиса рафта нишондод додем, вале чӣ шуду Усмон аз об хушк баромад. Беҳуда нагуфтаанд, ки кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад. Баъди он ҳодиса ў шакли фаъолияташро дар интернет тағйир дода, гӯшаи шиносоӣ кушод ва акси хешро ба он ҷо дода... Чун вай ҷавони чор кас медидагӣ буд, баъзе аз намояндагони ҷинси латиф, ба вай чун занбӯр ба ширинӣ дарафтоданд. Ман намедонам шумораи чунин “корафтодагони” ба доми ин булҳавас афтидаро, вале бо яке аз онҳо, ки бо дигаре фотеҳа шуда буд, ҳодисаи ногуворе рух дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан