-Ҳарчӣ пиндоред, вале бояд гуфт, ки шумо кори некеро анҷом додед ва минбаъд ин рафиқи гуфтагиатон ба ҷойи шумо ва шумо баринҳоро кашола карда овардан сараввал андеша хоҳад кард...
-Чӣ хел андеша?
-Андешаи он ки аз нафари Худонотарсе чун шумо тарсидан даркор.
-Ин хел нагӯед, охир ман марди тақводорам.
-Агар чунин аст, пас бигӯед, оё ин кас дар нисбати шумо ягон каломи бадеро ба забон овард?
-Нагуфт, вале маро маҷбуран кашола карда, ба автомашинаи милиса шинонд, ҳарчанд ба ин кас фаҳмондам, ки ман бояд ба Ҳисор рафта, бори қатораро фарорам, гӯш накард.
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин.
-Пас агар чунин аст, шумо бояд ба чанд суоли мо, ки боиси саргардониҳоятон гаштааст, ҷавоб диҳед.
-Бошад, вале хуб мешуд, мо ин суҳбатро тезтар анҷом медодем, чунки маро дар ҳақиқат ба Ҳисор рафтанам лозим.
-Ҳамааш ба худи шумо вобаста, вале мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки чаро шумо ин қадар шитоб доред.
-“Ризқи гург дар пояш”...
-Бори аввал мешунавам, ки тоҷир кори хешро ба амали гург шабеҳ диҳад.
-Дигар ба чӣ шабеҳ диҳам. Шумо ҳам, албатта инкор нахоҳед кард, ки тамоми мавҷудоти олам чу осиё аз пай ризқу донаанд...
-Дар ин бора баҳс намекунам, вале на ҳама ҷаҳду талошҳои инсонӣ ба фармудаҳои Худову Расул рост меоянд.
-Нафаҳмидам.
-Агар гург сер бошад, ў ҳатто кӯшиши давидан аз қафои сайди дидааш намекунад.
-Бовар намекунам.
-Пас ба каломи аз гузаштагон ба мерос монда чӣ мегуед?
-Он чи каломест?
-Нафси бади дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр...





