-Худаш чӣ гап? - баробари ба курсӣ нишастан пурсидам ман.
-Ман ҳамаашро аллакай ба сардор гуфтам, - овоз рўшан намуд нафаре, ки худро таҳқиршуда меҳисобид.
-Пас чаро ба сардор нагуфтед, ки даъватномаҳои милисаро сарфи назар намудед ва ё гуфтаниед, ки даъватномаҳоро ҳам нагирифтаед.
-Инаш гуноҳи ман, вале ман намефаҳмам, барои кадом гуноҳам милиса бароям даъватнома фиристодааст ва чаро ман вақти қимати хешро сарф карда, ба милиса меомадам.
Ҳамзамон, бояд арз намоям, ки ман тоҷирам ва аз бонкҳо қарзи зиёде бо фоизи гарданшикан дар гарданам, пас чӣ тавр ман идора ба идора гардам.
-Ин танҳо проблемаи шахсии шумост.
-Милисаро ба ҷуз нороҳат кардани шаҳрвандон дигар андешае дар сар нест ва рафту агар гуноҳе медоштам, пеш аз ба ин ҷо оварданам бояд мегуфтед, ки дар куҷо ва чӣ хел ман ба қонуншиканӣ роҳ додаам ва он чӣ намуди қонуншиканист.
-Нафаре, ки шуморо ба ин ҷо овард, заррае аз доираи ваколатҳои хизматиаш берун нашудааст, чунки шумо даъвати чандинкаратаи мақомоти милисаро, ки дар асоси қонун ҳуқуқи таҳқиқ ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро дорад, сарфи назар намудед ва итоат накардан ба талаби корманди мақомоти тафтишотӣ ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст ва мо метавонем дар бораи ин амали шумо ҳуҷҷат тартиб дода, ба суд ирсол намоем. Суд метавонад шуморо ба мудати 15 шабонарўз ҳабс намояд.
-Хоҳиш мекунам, бародар, шӯхӣ накунед.
-Ин бинои мақомоти тафтишотист на сирк.
-Инсоф намоед, бародар, наход бе ягон асос...
-Ман аллакай асосашро гуфтам ва намегузорам, нафаре чун шумо пой болои қонун гузорад.
-Маро бубахшед, ба ростӣ, гуноҳ аз ман гузашт ва боз аз болои рафиқ (ў бо дасташ ба тарафи Ҷомии Шариф ишора намуд) ба сардор шикоят намудам.
-Ба фикрам, дар ҳаётатон ҳамин қадар кори савоб намудед.
-Ин киноя аст?





