Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 109 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 109 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳарчанд ин амал бароям писанд наомад, вале ночор пой ба остона гузошта, ба курсии аввалини пушти дар нишастам.
-Баъдтар занг мезанам, - гӯён Воҳид Камол ҳамоно ба гуфтугуи телефонӣ нуқта гузошта гуфт: - Чӣ, ҳамин хел дар пушти дар нишастан мегиред?
-Намехостам ба суҳбати шумо халал расонам.
-Боке нест,чун дишаб дар ин ҷо мондам, аз хона занг зада, аз аҳволам пурсон шуданд. Аз ин рў, агар бемалол бошед, наздиктар омада ба курсӣ нишинед.
Дигар каломе ба забон наоварда, боз чанд қадаме гузошта, ба курсие дар паси мизи дарозрўя нишастам.
-Бо вай чӣ кардед?
-Бо кӣ?
-Бо ҳамоне, ки аз болои лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф омада шикоят намуд.
-Ҳоло вай дар дафтари кории ман.
-Ҷавононро тарбия намудан лозим, то дар муносибат бо шаҳрвандон боэҳтиёт бошанд.
-Чӣ, магар аз тарафи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ягон густохие рух додааст?
-Нафари бо шикоят омада арз намуд, ки корманди милиса вайро бе ягон асос маҷбуран ба милиса овардааст ва бо ин амал ҳуқуқҳои конститутсионии ўро поймол намудааст.
-Бо нафаре, ки аз гирифтани даъватномаи расмӣ саркашӣ намуда, омадан ба милисаро ба шаъни хеш таҳқир мешуморад, дигар чӣ ҳам метавон кард.
-Дар ҳама ҳолат набояд аз хотир баровард, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба души мо вогузоштааст ва ҳаминаш намерасид, ки шаҳрвандон ҳомии қонунро дар қонуншиканӣ муттаҳам созанд.
-Шуморо фаҳмидам.
-Бисёр хуб акнун аз пайи кор шавед!
-Итоат...
Баробари вориди дафтари корӣ шуданам шогирд аз рўйи эҳтиром ба истиқболам бархест, ва ин амал нафареро, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз ба кор омадани ман аз болои вай ба сардори милиса шикоят намуда буд, маҷбур сохт дилу бедилон ҷисми хешро аз курсӣ бардорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан