Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 108 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 108 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун марги бемаҳал шахси дуюмро аз рӯйхати атрофиёни Ҷаббор Маҳмуд даррабуд, мо каме ҳам бошад, даступо хӯрдем, чунки ба пиндори ҳамонлаҳзаинаи банда агар худи Ҷаббор Маҳмуд дар ин кушторҳо даст намедошт, пас ў худ метавонист ҳадафи сеюм аз он рўӣхат бошад. Маҳз ба ҳамин хотир ёфтани эшонро ба зиммаи шогирд вогузоштам.
Сари субҳ, вақте пой ба остонаи бинои милиса гузоштам, Ҷомии Шарифро ҳамроҳи марди тахминан чилупанҷ – панҷоҳсолаи ношиносе дидам.
-Ин кас роҳбари ҶДММ “Маҳмудиён,”- баъди саломдиҳӣ нафари ҳамроҳашро муаррифӣ намуда гуфт шогирд.
-Абдумаҷидов.
-Ҷаббор Маҳмуд.
-Чаро ин ҷо истодаед? - пурсидам ман.
-Чаро, чаро, о ин худозада чӣ нағмаю усулҳое накард, ба гумонам ҳоло ҳам вақти зиёдатӣ надорад, ки бо мо суҳбат намояд.
-Ҳамин хел?
-Ҳа, ҳамин хел, - сухани ба забон овардаашро дубора тасдиқ намуда гуфт шогирд.
-Ин касро ба дафтари кории ман баред, - амр додам ман ба шогирд ва худ ба назди Воҳид Камол рафтам.
-Амри сардорро шунидед, - ба тарафи Ҷаббор Маҳмуд нигариста гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ...
Мусоҳиби шогирди банда дигар чӣ гуфту чӣ не, ман нашунидам, чунки пой ба остонаи қабулгоҳи сардор гузоштам.
-Шеф шуморо интизор аст, - хабар дод котиба, ки оинача дар даст худро оро медод.
Ба дар ангушт зада мунтазири ҷавоби соҳиби дафтари кори нашуда, онро кушодам, вале сардорро сари гуфтугуӣ телефонӣ дида, хостам ба қафо баргардам, аммо сардор бо ишораи даст маро барои даромадан ҳидоят намуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан