Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 107 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 107 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Акбар Ҳакмович, - овоз рӯшан намуд собиқ шахси дуюми прокуратураи ноҳияи Гулистон.
Ман дилу бедилон тағофул намуда, боз ба қафо баргаштам ва баъди се - чор қадам паҳлуи онҳо рост шудам.
-Ин кас шогирди беҳтарини банда, - маро ба мусоҳибаш муаррифӣ намуд адвокат.
-Даврон Ғазоевич, - гуфт нафаре, ки ҳамроҳи собиқ “устоди” банда сари суҳбат қарор дошт.
-Абдумаҷидов, - гӯфтам ман дасти эшонро фишурда.
-Шамолҳои куҷо?
-Бо коре сари қадам ба ин ҷо омада будам, - ба суоли “устоди” хеш посух гуфтам ман.
-Ягон дастоварде ҳаст?
-Дар айни замон нест.
-Ман ҳам айнан бо супориши зерҳимояам аз пай ҳамин кор омадам ва бисёр хуб шуд, ки омадам, чунки баъди чандин сол ба ногоҳ Даврон Ғазоевичро вохӯрдам. Ҳа, дарвоқеъ, Даврон Ғазоевич ҷони одам, эшон чандин сол сарварии мағозаи “Москва”-ро дар шаҳрамон ба уҳда дошт. Истед, ки ман дар ин ҷо ба кӣ бояд муроҷиат намоям?
-Муфаттишро Худойдоди Замир ном аст.
-Худованд аз ҳама балову офатҳо шуморо эмин дорад,- гӯён “устоди “ камина дар ҳамон ҷо бо ман ва собиқ дўсти тоҷираш худоҳофизӣ намуда, аз зинаҳо ба тарафи боло ҳаракат намуд.
Ман ҳамроҳи Даврон Ғазоевич то истгоҳ паҳлўи ҳам қадам зада, сипас ҷудо шудем...
...16...
Марги Усмон Башир моро водор сохт, то дар атрофи назарияи дуюми нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўӣ ҳаракат намоем. Аз ҳамин лиҳоз дирўз бегоҳӣ ба лейтенанти калон Ҷомии Шариф супориш додам, то аз таги замин ҳам бошад, фардо субҳ Ҷаббор Маҳмудро ёфта, ба милиса биёрад...
Аслан сари чорроҳае рў ба рў омадани Ҷаббор Маҳмуд, Солеҳ Қамар, Парвина Қамар ва Усмон Башир ин бозёфти худи Ҷомии Шариф буд, ки чанд рўзе пештар мо дар атрофи онҳо баҳс намуда, ин бозёфтро чун назарияи дуюми корӣ ба нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷўӣ ҳамроҳ намуда будем. Сипас чанд маротиба мо ба ҷустуҷўӣ роҳбари ҶДММ “Маҳмудиён,” ки фаъолияти хешро дар хариду фурӯши молҳои сохтмонӣ ба роҳ монда буд, рафтем, вале афсӯс дидори эшон ба мо муяссар нагашт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан