-Шинос шавед, ин кас устоди ман - майори милиса Абдумаҷидов, аввалин шуда маро бо нафари ҳамроҳаш муаррифӣ намуд соҳибмулк.
-Мирзои Ашӯр, - гуфт, ҳамсуҳбати шогирд дасташро ба сўй ман дароз намуда истода.
-Абдумаҷидов, - гӯён ман дасти меҳмонро фишурда, ўро ба нишастан ҳидоят намудам.
-Гоҳе мешунидам, ки кабк аз овози худаш ба қафас меафтад, боварам намеомад ва имрўз худ ба чунин аҳвол афтидам, - бе ягон каломи иловагӣ риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Мирзо Ашӯр.
-Яъне, ки шуморо маҷбуран ба ин ҷо оварданд?
-Имрўз ман бо ҳамин шогирди шумо сари суҳбат қарор доштам ва баъди шунидани каломи аз забонам берун омада рафиқ лейтенант маро ба назди шумо фиристод. Омадам ва қариб ду соат шуморо интизор шудам, вале бе натиҷа. Аз бино баромада, ба самти истгоҳ роҳ пеш гирифтам, ки боз шогирдатон аз пешам баромад ва дубора бандаро ба ин ҷо овард. Беш аз ним соат аст, ки ман инҷоям. Хайрият, шумо омадед.
-Модоме ки шогирд чун занбӯри асал дар атрофи шумо парвона шудааст албатта, ягон гап ҳаст.
-Тайи чанд сол аст, ки ман ҳамин суханамро такрор менамудам, вале касе ба шунидани он таваҷҷуҳ зоҳир накард ва намедонам чаро рафиқ лейтенант баъди шунидани каломи мазкур чун занбӯри асал ба ман дарафтод.
-Рафту майли суҳбат надошта бошед, дар кушода...
-Аз лаҳзаи аввали суҳбат бо шогирди шумо ман таваҷҷуҳи эшонро ба суханони гуфтаам ҳис намудам, маҳз ҳамин таваҷҷуҳ сабаб гардидаву ба милиса омадам, чунки мехоҳам ҳақиқат рўйи об барояд.
-Ин хел бошад, мо шуморо гўш мекунем.
-Агар дар ёдатон бошад, се сол пеш дар кўчаи Навбаҳор қисме аз бинои баландошёнае фурӯ рафт, ки боиси марги ҳашт ва маҷрўҳ шудани бист нафар гардид...
-Албатта, он фоҷиаи мудҳиш то кунун дар ёди мардум чун нақши дуд дар девор боқӣ монда.





